ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОНИ ЧОРУМ – ИМОМИ ИСМОИЛИҲОИ ДУНЁ БА СИННИ 86 РАСИД

Рӯзи 13 декабри соли 2022 шоҳзода Карим Оғохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон  ба синни 86 расид. Оғохони IV  11 июни соли 1957, вақте ба ҷои бобояш ба тахти имомат нишаст, ки ҳамагӣ 20 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯ буд. Ӯ инак 65 сол боз раҳбарии исмоилиёни дунёро бар дӯш дорад ва яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони Ислом дар арсаи диниву сиёсии дунёи имрӯза  эътироф шудааст. Соли 2017 Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи солонаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба шоҳзода Карим Оғохони чорум супурд ва ӯро яке аз чемпиoнҳои рақами як дар роҳи ислоҳи ҷаҳони имрӯза унвон кард.

Аксари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низ пайрави мазҳаби Исмоилия буда, Оғохонро  раҳбари рӯҳонии худ медонанд ва Ҳозиримом номаш мебаранд. Шоҳзода Карим Оғохон бори аввал моҳи майи соли 1995 аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи аввалин сафари ӯ ба ин минтақа ҳар сол ҳамчун Рӯзи Нур ҷашн гирифта мешавад.

Аммо имсол зодрӯзи Оғохони чорум дар рӯзҳоест, ки пайравони ӯ дар Бадахшони Тоҷикистон як марҳалаи пурчолишеро паси сар мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон моҳҳои май ва июни соли 2022  мавҷи нави эътирозҳоро дар ин минтақа бо истифода аз нирӯ ва силоҳ шадидан саркӯб карданд ва дар натиҷа, ба эътирофи мақомот, 29 сокини Бадахшон кушта ва беш аз 120 нафари дигар дастгир шуданд. Созмони Милал шумори кушташудаҳо дар Бадахшони Тоҷикистонро беш аз 40 нафар баровард мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин  12 лидери ғайрирасмии Бадахшонро ба ҳамкорӣ бо “созмонҳои террористӣ ва ифротӣ” айбдор карда, гуфтанд, ки ҳамаи ин лидерҳо ё кушта ваё боздошт шудаанд. Мақомот ҳамчунин шумори зиёде аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва журналистону блогерҳои зодаи Бадахшонро ба ҳабс кашида, алакай бисёриашонро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Онҳоро аз ҷумла ба ҷудоиталабӣ гумонбар медонанд. Дар забони ҳуқуқии мақомоти Тоҷикистони имрӯза инро “барангехтани кинаву адоват байни маҳалҳо” унвон мекунанд.

Шоҳзода Карим Оғохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Падари ӯ Алӣ Салмон Хон ва модараш Тоҷуддавла Алӣ Хон (Ҷоанн Ярд Баллер, духтари барон Чёрстон) мебошанд.

Карим Оғохон маълумоти миёнаро дар Institut Le Rosey – яке аз мактабҳои машҳури Швейтсария гирифта, соли 1959 Донишгоҳи Ҳарварди Амрико – яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии ҳам Амрикову ҳам дунёро хатм кардааст.Карим Оғохон дар ҷавониаш варзишгар ҳам буд ва соли 1964 дар Олимпиадаи зимистона дар Инсбруки Австрия дар мусобиқаи лижаронӣ ширкат кард.

 Бобои ӯ Муҳаммад Оғохони III қабл аз вафоташ мақоми имоми исмоилиҳоро на ба яке аз ду писараш, балки ба наберааш Карим Оғохон васият кард. Карим Оғохон 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш замоне ба мақоми имоми исмоилиҳо расид, ки ҳамагӣ 21 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯи Ҳарвард дар риштаи таърихи Ислом буд. Дар пайи расидан ба мақоми имоми исмоилиҳои дунё маликаи Британия Елизавета ба Шоҳзода Карим Оғохон унвони “Аълоҳазрат”-ро ато кард.

Оғохон 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ ва насли 49-ум аз фарзандони Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фотимаи Заҳро (духтари Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад,

Шоҳзода Карим Оғохон тавонист дар давраи раҳбариаш бар исмоилиёни ҷаҳон дар заминаи ниҳодҳои мазҳабӣ шабакаҳои хеле қавии тиҷоратӣ, хайрия ва маорифиро бунёд кунад. Сандуқи Оғохон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин созмонҳои хайрия ва маърифатӣ ба шумор меравад, ки ба садҳо ҳазор нафар дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон кумак мерасонад. Сокинони Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз кумакҳои хайрияи Бунёди Оғохон мардуми ин вилоятро аз чанги гуруснагӣ раҳонд.

Шабакаҳои Оғохон ҳамчунин муассиси Донишгоҳи Оғохон дар Покистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо бахшҳояш дар Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон мебошанд. Ҳамин тавр, дар Торонтои Канада як Маркази бузурги Исмоилиҳо ва Осорхонаи Карим Оғохон бунёд шудаанд. Нирӯгоҳи Помир-1, шабакаи меҳмонхонаҳои Серена ва ширкати ТСел Тоҷикистон аз муассисаҳои иқтисодиву тиҷоратиест, ки аз тарафи шабакаҳои Оғохон чархонда мешаванд.

Шоҳзода Карим Оғохон 4 фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оғохон, шаҳзода Раҳим Оғохон ва шаҳзода Ҳусейн Оғохон аз ҳамсари аввалаш Бегим Салима Оғохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон аз ҳамсари дуюмаш Бегим Инора Оғохон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button