ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТоҷикистон

ФАРЗАНДИ ЯК РОҲБАРИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИКРО БАРОИ ИХРОҶ АЗ ОЛМОН БА ТОҶИКИСТОН БА ФУРУДГОҲИ МЮНХЕН ОВАРДААНД

Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди яке аз роҳбарон ва асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шамсиддини Саидро, ки чанд соли охир дар Олмон ба сар мебарад, рӯзи 12 декабри соли 2022 аз шаҳри Дортмунд ба фурудгоҳи шаҳри Мюнхен овардаанд, то ки ба Тоҷикистон ихроҷаш кунанд. Аммо бо кадом сабаби ҳанӯз ба наздиконаш номаълум, ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ба таъхир афтодааст.

Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ, рӯзи 13 декабр дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт,  соати тақрибан шаши субҳи душанбе 5 нафар аз мақомоти Олмон ба манзили писараш дар Дортмунд омада, ӯро бо худ бурдаанд.  

“Баъди  аз Дортмунд ба масофаи 600 километр ба фурудгоҳи Мюнхен оварданаш, Абдуллоҳ тавонист як дафъа бо мо тамос бигирад ва гуфт, ки дар фурудгоҳ аст ва ӯро ба Тоҷикистон фиристоданианд. Аммо тарафҳои бегоҳи 12 декабр як паёмак фиристод, ки ӯро нафиристоданд ва ҳоло барои ташхис ба бемористон овардаанд. Дигар дар ин бора, ки ӯ куҷост, то ин соат маълумоте надорем. Барояш вакил гирифтаем ва талош дорем, ки ихроҷаш накунанд”, – нақл кард Шамсиддини Саид.

Рӯзи 12 декабр бояд як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Мюнхени Олмон ба Душанбе парвоз мекард. Ин ҳавопаймо шоми 12 декабр, соати 17:15 аз фурудгоҳи Мюнхен ба парвоз хеста, соати сеи сбуҳи 13 декабр ба фурудгоҳи Душанбе расидааст. Маълум нест, ки оё Абдуллоҳи Шамсиддин дар ин ҳавопаймо буд ё на? Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷи фарзанди яке аз раҳбарони оппозитсия аз Олмонро шарҳ надодаанд.

 Абдуллоҳи Шамсиддин дар Дортмунд ҳамроҳи зану ду фарзандаш зиндагӣ дошт ва дар як ширкати насби дарҳои электронӣ кор мекард. Шамсиддини Саид гуфт, ки ба фарқ аз зану ду фарзандаш, ки будубошашон дар Олмон қонунист, Абдуллоҳ дар гирифтани ҳуҷҷати паноҳандагӣ “як каме саҳлангорӣ” карда буд.

Қаблан намояндагони мухолифини тоҷик дар Аврупо хабар доданд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин  ба хатари ихроҷ аз Олмон рӯбарӯ шудааст. Дар ин бора дар Твиттер рӯзи 12 декабри соли 2022 Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке аз роҳбарони ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо хабар дод.

Маҳмудҷони Файзраҳмон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ба Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон ба далели фаъолиятҳои оппозитсионии падараш метавонад азобу шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид кунад. Ӯ аз ҷумла Ҳизбулло Шовализода ёдовар шуд, ки моҳи феврали соли 2020 аз Австрия ба Душанбе истирдодаш карданд ва ӯ баъди чанде дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Шамсиддини Саид ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддини Саид ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд. Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саид  ба Аврупо паноҳ овард.

Баъди соли 2015 садҳо нафар аз роҳбарон ва тарафдорони ҲНИТ ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд ва ҳоло ин ҳизби оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад. Вале Шамсиддини Саид мегӯяд, фарзандаш Абдуллоҳ ба фарқ аз худи ӯ аслан ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва оппозитсионӣ машғул набуд ва дунболи зиндагии худ буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button