ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ИХРОҶИ МАНУЧЕҲР ФАҚИРОВ АЗ РУСИЯ БАЪДИ АДОИ 7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОН

Рӯзи 12 декабри соли 2022  шаҳрванди Тоҷикистон Манучеҳр Фақировро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Фақиров соли 2015 дар Русия бо ҷурми таблиғу пуштибонии терроризм ба 7 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи октябри соли ҷорӣ, билофосила баъди озод шуданаш аз маҳбас ду моҳ боз дар боздоштгоҳи муҳоҷирони вилояти Омск дар интизори ихроҷ қарор дошт.

Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия гуфт, мақомоти Русия будубоши баъдии Манучеҳр Фақиров дар ин кишварро номақбул дониста, рӯзи 12 декабр ба дастонаш боз завлона бастанд ва ба фурудгоҳи ба номи генерал Карбишеви шаҳри Омск оварда, ба ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон савораш карданд. Бино ба иттилои Ирина Волк, Фақировро дар Тоҷикистон боз завлонаву ҳабс мунтазир аст, чунки ӯ аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон низ бо иттиҳоми фаъолиятҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешавад.

Худи Фақиров барои шарҳи қазия дастрас нест.

Ирина Волк рӯзи 12 декабр хабар дод, ки “имрӯз аз Русия шаҳрванди Тоҷикистон Манучеҳр Фақировро ихроҷ карданд. Ӯ аз ҷониби Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои ифротӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст”.

Бино ба фарзияи мақомоти Русия, ин ҷавони тоҷик соли 2012 ба Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ омада, дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи мақомот, Манучеҳр Фақиров дар Маскав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниеро, ки дар қаламрави Ироқу Сурия меҷангад, таблиғ мекард, шабномаҳо паҳн мекард ва ба ҷалби аъзои нав ба саффи ин созмони террористӣ машғул буд.

Ирина Волк мегӯяд:  “Моҳи октябри соли 2015 Фақиров барои иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи октябри соли ҷорӣ баъди адои ҳукми зиндонаш ӯро барои ихроҷи баъдӣ аз Русия дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Омск ҷой карданд. Имрӯз, 12 сентябр бо иҷрои қарори вазорати адлияи Русия, ки ҳузури Фақировро дар қаламрави кишвари мо номақбул донистааст, Фақиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ихроҷ карда шуд”.

Дар солҳои охир садҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризму экстремизм дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ ҳамзамон иддаои боздошти садҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button