ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

МАРОСИМИ ВИДОЪ ВА ДАФНИ ЖУРНАЛИСТИ ҶАВОНМАРГ БАҲОДУР УРОҚОВ (ВИДЕО)

Нимаи аввали рӯзи 12 декабри соли 2022 дар зодгоҳаш – шуъбаи чоруми хоҷагии ба номи Ф.Саидови ноҳияи Кӯшониён маросими видоъ бо Баҳодур Уроқов, хабарнигори нашрияи “СССР” дар водии Вахш баргузор шуд. Баҳодур Уроқов, ки аз моҳи ноябр барои табобати бемории ҷигараш дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, маъруф ба “беморхонаи Қараболо” қарор дошт, рӯзи 11 декабр дар ҳамин бемористон вафот кард. Баҳодур ҳамагӣ 42 сол дошт ва 6 фарзанди хурдсолро ятим гузошт.

Дар маросими видоъ бо Баҳодур Уроқов, Сайёфи Мизроб, муассиси ҳафтаномаи “СССР”, марҳумро фарзанди худ ва фарзанди “СССР” номид ва гуфт, ки Баҳодур дар ҳамин нашрия ҳамчун журналист парвариш ва обутоб ёфт, ба камол расид ва вориди олами журналистикаи вилояти Хатлон ва Тоҷикистон шуд.

Мансабдорони зиёди баландпоя, аз ҷумла раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, раиси ноҳияи Кӯшониён ва раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода, ки дар рӯзи марги Баҳодур Уроқов бародари дугоники ӯ Ҳусейн Асадуллозода  ҳам ба зиндагӣ падруд гуфт, дар робита ба марги журналисти нашрияи “СССР” номаҳои таслият фиристодаанд. Сайёфи Мизроб гуфт, муаллифони ин номаҳои таслият мансабдоронеанд, ки Баҳодур Уроқов танқидашон мекард. “Вале азбаски танқидҳояш созанда ва бодалел буд, имрӯз, дар рӯзи маргаш ин мансабдорон барои даргузашти журналисте, ки танқидашон мекард, таслият навиштаанд”, – гуфт сардабири “СССР”.

Баҳодур Уроқов ду ҳафта пеш аз маргаш, дар яке аз охирин матлабҳои дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштаи худ зиндагиро ба бумеранг шабоҳат дода навишта буд: “Бумеранг! То синни 40 мо бадани худро азоб медиҳем, баъди синни 40 баданамон моро азоб медиҳад…”

Баҳодур Уроқов 21 сентябри соли 1980 ба дунё омада, риштаи филологияи Донишгоҳи шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм карда буд.

Ӯ ба ҳайси хабарнигори минтақавии ҳафтанома ва сомонаи “СССР” дар водии Вахш кор мекард ва ҳамчунин дар шабакаи Ютуб канали худро дошт. Канали ӯ 21 ҳазор обуначӣ дорад ва бархе видеоҳояш то чандсад ҳазор тамошобин ҷамъ меовард.

Видеоҳо аз саҳифаи Шамсулло Фозилов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button