ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистТоҷикистонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲУСЕЙН АСАДУЛЛОЗОДА, ДОДАРАРӮСИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭРОН (AKC)

Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баробари дугоники раиси “Ориёнбанк” Ҳасан Асадуллозода, шаби 10 ба 11 декабри соли 2022 дар синни 54 дар Эрон даргузашт. Манобeи Радиои Озодӣ  хабар додаанд, ки  ҷасади додарарӯси президентро шаби якшанбе, ё фардо, душанбеи 12 декабр аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, Ҳусейн Асадуллозода аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ду ҳафта пеш ӯро барои табобат ба Эрон бурда буданд.

“Дар зодгоҳаш – ҷамоати “Чапаев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маросими хоксупориаш омодагӣ мегиранд. Зери дастгоҳи нафасдиҳӣ будааст ва шаби гузашта дар Теҳрон ҷон додааст”,—гуфт як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ.

Ҳусейн яке аз бародарони дугоники Азизамоҳ Асадуллозода, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин бародарони дугоник бештар Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” маъруф аст. Ягона ширкати ҳавопаймоии  Тоҷикистон “Сомон Эйр” ва боз даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги дигарро ба Ҳасани Асадуллозода нисбат медиҳанд ва ӯро яке аз сарватмандтарин афрод дар ҷумҳурӣ ном мебаранд.

Ҳусейн Асадуллозода ба фарқ аз бародари дугоникаш дар маҳзари ом аслан зоҳир намешу два ҳатто ба пойтахт накӯчид ва ин ҳама сол дар зодгоҳашон – ҷамоати Чапаев ба сар мебурд.

Бино ба иттилои Озодӣ, Ҳусейн Асадуллозода  раиси ширкати “Нафтрасон”  дар шаҳри Левакант, Сарбанди собиқ будааст. Ин ширкат асосан ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар вилояти Хатлон машғул мебошад. Дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои Ҳусейни Асадуллозода дар дастраси ом маълумоти хеле каме мавҷуд аст.

Эмомалӣ Раҳмон боз се додарарӯси дигар дорад, ки аз он шумор Амонулло Асадуллоев солҳои зиёде дар ширкати “Барқи Тоҷик” мансаби баланд дошт ва ҳоло раҳбари ширкати “Сомон Суғд” аст. Амирулло Асадулло (Холов), додарарӯси дигари президент, низ чандин сол раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва сипас раиси шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) буд.  Номи додарарӯси хурдии президент Муҳибулло Саъдуллоев чанд сол ба сабаби ҷанҷоли ғасби бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс расонаӣ шуда буд.

Ҷамъи бузурги дигаре аз пайвандони ҳамсари президент низ дар Тоҷикистон ё тиҷорати бузург ё мансаби баланд доранд. Дар умум, намояндагони “клани Чапаев”, ки зодагони ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамсари президент аз он ҷост, дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар баробари кланҳои Данғара, Фархор ва Балҷувон аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдоранд.

Дар як рӯзи охир клани Чапаев ду намояндаи худро аз даст дод: Қаблан гузориш дода будем, ки Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва баробари Исмат Абдуллозода, мудири кулли фурудгоҳи Душанбе, рӯзи 9 декабр аз бемории зуком ҷон бохтааст. Онҳо бо хонаводаи Асадуллозодаҳои хешу табории наздик доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button