ВарзишВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

УЗВИ СОБИҚИ ТИМИ МИЛЛИИ ФУТБОЛИ ЭРОН БА ҚАТЛ МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи Эрон бозигари собиқи тими миллии ҷавонони Эрон Амир Насри Озодониро бо ҷурми иштирок дар эътирозҳои зидди низоми Ҷумҳурии исломӣ ва даст доштан дар қатли сарҳанги Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Исмоил Чароғӣ ва ду узви созмони ниманизомии тарафдорони Ҷумҳурии исломӣ “Басиҷ” ба қатл маҳкум кард. Сарҳанг Чароғӣ ва ду узви “Басиҷ” Муҳаммадҳусейн Каримӣ ва Муҳсин Ҳамидӣ рӯзи 17 ноябри соли 2022 дар ҷараёни мавҷи эътирозҳои зидди низоми Ҷумҳурии исломӣ кушта шуданд. Ин эътирозҳо Эронро баъди марги мармузи духтари ҷавоне бо номи Маҳсо Аминӣ баъди боздошташ аз сӯи пулиси ахлоқ барои “бадҳиҷобӣ” фаро гирифтааст.

Рӯзи 20 ноябр  телевизиони давлатии IRIB видеои боздошти 4 нафари муттаҳам ба қатли ин се намояндаи низомро  нашр кард. Дар гузориш номи боздоштшудагон оварда нашуд, вале баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ номҳои онҳоро нашр карданд. Яке аз дастгиршудагон дар ин парвандаи пурсарусадо Амир Насри Озодонӣ буд. Мақомоти Эрон дар зарфи камтар аз як моҳ тафтишу мурофиаи ин парвандаро анҷом дода ва ин варзишгари ҷавонро ба қатл маҳкум кардаанд.

Бино ба иттилои IranWire,  Амир Насри Озодонӣ 7 феврали соли 1996 дар Исфаҳон ба дунё омада, соли 2014, дар синни 18 бо тими “Роҳи Оҳан” қарордод баст ва дар лигаи олии футболи Эрон ҳунарнамоӣ карда, хеле зуд ба тими миллии ҷавонони Эрон роҳ ёфт. Озодонӣ таваҷҷуҳи бошгоҳи “Тракторсозӣ” ё “Трактор” аз шаҳри Табрез, яке аз тимҳои қавии Эронро, ки дар лигаи бартари халиҷи Форс бозӣ мекунад, ба худ ҷалб кард ва ба он пайваст. Вале соли 2018 “Трактор” Озодониро ба далели  дар тӯли  чандин моҳ ба тамринҳо ҳозир нашуданаш ихроҷ кард. Ӯ соли 2020 ба варзиш баргашт ва як сол дар ҳайъати бошгоҳи “Гули райҳон” дар лигаи аввали футболи Эрон бозӣ кард, вале ба иллати лат хӯрдан дигарбора аз футбол канор рафт.

Ба ҳимоят аз ин футболбози 26-сола шумори зиёде аз футболбозони эронӣ, аз ҷумла собиқадорони саршиносе, чун Алӣ Каримӣ ва Меҳдӣ Маҳдавикиё садо баланд карда, хостори лағви ҳукми қатли ӯ шуданд. Дарвозабони тими миллии Эрон Алиризо Байронванд  низ бидуни бурдани номи Насри Озодонӣ зидди судури ҳукми қатл садо баланд кард, вале рӯзи 12 декабр саҳифаи ӯ бо беш аз 4 миллион обуначӣ дар шабакаи иҷтимоӣ ба таври мармуз баста шуд.

Як манбаи IranWire гуфтааст, Насри Озодонӣ дар чанд эътироз иштирок дошт, вале дар он минтақае, ки афсарони Сипоҳу Басиҷ кушта шуданд, набуд.  Ба гуфтаи ин манбаъ, иштироки футболбоз дар эътирозҳо низ асосан бо шиор партофтанҳо маҳдуд мешуд.

Наздиконаш гуфтаанд, ки дар рӯзҳои аввали дастгир кардани Насри Озодонӣ, мақомоти амниятӣ ба хонаводаи ӯ фишор оварда, таҳдид кардаанд, ки хабари боздошташро ошкор накунанд.  Ба варзишгар ва хонаводааш имкони гирифтани адвокати мустақилро надода, як адвокати давлатиро ба ӯ вобаста кардаанд. Наздикони ӯ  то ҳол бо машварати ин адвокати аз сӯи давлат таъйиншуда бо умеди бозбинии ҳукми Озодонӣ аз ҳар навъ суҳбат дар бораи парвандааш худдорӣ мекунанд.

Эътирозҳо дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 дар пайи марги Маҳсо Аминӣ, як духтари 22-солаи курд оғоз ёфт ва инак камокон се моҳ боз идома дорад. Маҳсо Аминӣ дар Теҳрон аз сӯи пулиси ағлоқ барои дуруст риоя накардани муқаррароти марбут ба тарзи пӯшидани ҳиҷоб дастгир шуда,  дар боздошт ҷон дод. Шоҳидон мегӯянд, ки ӯ қурбони азобу уқубат аз ҷониби мақомот шуд.

Бино ба  маълумоти хабаргузории HRANA, то  4 декабр, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар саросари Эрон дастикм 471 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғ ба ҳалокат расида,беш аз 18 ҳазор нафар боздошт шуданд.

Рӯзи 8 декабр бо қарори додгоҳ ҳукми қатли Муҳсин Шакарии 23-сола иҷро карда шуд. Ӯ нахустин нафар аз иштироккунандагони эътирозҳост, ки ҳукми қатлаш ба иҷро расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button