Илму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ТАБИБИ ҲОЗИҚ САИДҶОН НОДИРӢ – ОШИҚ, МУХЛИС ВА МУҲАҚҚИҚИ ИБНИ СИНО, КИ БАЪДИ 1000 СОЛИ МАРГАШ БА ҶОИ Ӯ САФАРИ ҲАҶ КАРД

Пизишки маъруфи тоҷик, равоншинос, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ рӯзи 10 декабри соли 2022 аз олам чашм пӯшид.

Саидҷон Нодирӣ солҳои зиёде тавассути гипноз, сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва усули мануалӣ бо табобати беморон машғул буд. Ӯ муаллифи чандин китоб, аз ҷумла китобҳои “Дил, рӯҳ ва инсон” ва “Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда” мебошад.

Саидҷон Нодирӣ аз ҷумлаи ошиқони илму дониши донишманди шуҳратёри тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино буд ва созмонеро бо номи “Ҷамъияти пайравони Сино” ташкил дода буд, ки ба табибони форсизабон аз кишварҳои гуногунро зери парчами алоқаву муҳаббат ба осори Синои бузург гирд оварда буд. Ҳамчунин, Саидҷон Нодирӣ ҳамроҳ бо профессор Юсуф Нуралиев бар пояи осори Сино китоби муштаракеро бо номи “Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда” ба чоп расондаанд.

Рисолаи номзадии Саидҷон Нодирӣ ҳам бар пояи осори Сино буд. Худи ӯ дар як суҳбаташ гуфта буд: “Мавзуъи рисолаи илмиам усули табобати Сино аст ва асри 10-ро ба асри 20 муқоиса карда, илман беҳтар будани усули табобати ин  донишманди нотакрорро бо роҳбарии устодам, доктори илми тиб, профессор Юсуф Нуралиев исбот кардаем”.

Муҳаббат ва алоқаи Саидҷон Нодирӣ ба Ибни Сино чунон зиёд буд, ки ӯ дар соли 2015 бо усули “Ҳаҷҷи бадал” ба ҷои ин донишманди бузург сафари Ҳаҷ кард.

Ҳаҷҷи бадал – адои Ҳаҷҷ аз сӯи як мусулмон ба ҷойи мусулмони дигар аст, ки бар асари беморӣ ё далели дигар наметавонад ба зиёрати Каъба биравад. Ҳаҷҷи бадалро асосан дар Тоҷикистон, фарзандон ё ҳамсарон ба ҷойи волидайну наздикони барҷомонда ё фавтидаи худ анҷом медиҳанд. Аммо Нодирӣ мегуфт, азбаски Абуалӣ ибни Сино зану фарзанд надошт, ӯ ба ҳайси як шогирду пайраваш бо маблағи аз фурӯши китоб ба дастовардаи худ ин корро анҷом дод.

Саидҷон Нодирӣ ифтихор аз он дошт, ки аз миёни даҳҳо ҳазор пайравону мухлисон, зиёрати Хонаи Худо аз номи устоду роҳнамо ва Пири табибони тамоми ҷаҳон маҳз насиби ӯ шуд ва ӯ тавонист ин донишманди бузургро баъди ҳазор соли маргаш Ҳоҷӣ Абуалӣ ибни Сино кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button