ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ӮЗБЕКИСТОН НИЗ БА ПУТИН НЕ ГУФТ ВА АЗ ИТТИҲОДИ СЕГОНАИ ГАЗ” БО РУСИЯ ДАСТ КАШИД

Ӯзбекистон  ҳам пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин барои таъсиси “иттиҳоди сегонаи газ”  байни Русияву Қазоқистон ва Ӯзбекистонро напазируфт. Як рӯз қабл Қазоқистон низ аз пайвастан ба ин “иттиҳод” даст кашида буд.

Муовини сарвазир ва вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов рӯзи 8 декабри соли 2022 изҳор дошт, ки Тошканд ба ягон иттиҳоди сиёсӣ ҳамроҳ намешавад ва “шартҳои сиёсӣ дар ивази газро ҳам қабул надорад”. Мансабдори ӯзбек афзуд, ки ҳатто агар бо Русия дар мавриди интиқоли газ ягон шартнома ба имзо бирасад, “ин ба маънои бастани иттиҳод нест”.

Мирзомаҳмудов тасдмиқ кард, ки Маскав бо Тошканд пиромуни интиқоли газаш аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон музокирот дошт, вале “сухан дар бораи шартномаи техникӣ мерафт”.

Муовини сарвазири Ӯзбекистон изҳор дошт: “Дар масъалаи воридоти газ аз кишварҳои дигар мо бо онҳо танҳо бар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ ҳамкорӣ мекунем. Мо ҳеҷ гоҳ ба шартҳои сиёсӣ дар ивази газ розӣ нахоҳем шуд”.

Тавре қаблан хабар додем, президенти Русия Владимир Путин  рӯзи 28 ноябр дар мулоқот бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Тоқаев таъсиси иттифоқи сегонаи Русия ва Қазоқистону Ӯзбекистонро пешниҳод кард. Ин  иттиҳод ба Русия имкон медод, ки бо убури таҳримоти дар пайи ҷанги зидди Украина ҷоришуда аз фурӯши гази худ фоидаи бештар ба даст биорад.Путин гуфт, ки пиромуни ин масъала ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ занг зада, суҳбат мекунад. Тоқаев аввал гуфт, Қазоқистон барои баррасии ин пешниҳод омода аст, вале баъдан назари худро иваз кард ва гуфт, ҷониби Қазоқистон бояд аввал мавзӯъро ҳаматарафа биомӯзад.

Вале рӯзи 7 декабр Қазоқистон эълон кард, ки пешниҳоди президенти Русия барои таъсиси “иттиҳоди сегонаи газ”  байни Русияву Қазоқистон ва Ӯзбекистонро намепазирад. Муовини вазири хориҷаи Қазоқистон Роман Василенко гуфт, Остона иҷозат нахоҳад дод, ки қаламраваш барои сарфи назар ва убур кардани таҳримоти Ғарб истифода шавад. Василенко гуфт, Қазоқистон ба тарҳи таъсиси “иттиҳоди сегонаи газ” аз ҳамин зовияи хатари таҳримот бархӯрд хоҳад кард.

Роман Василенко гуфт, ҳарчанд Қазоқистон ҷонибдори эъмоли таҳримот ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти байналмилалӣ нест, вале пайгирона бо риояи ин гуна таҳримот амал мекунад.

 “Баррасии муҳтавои иттиҳоди сегонаи газ ҳанӯз пеш аз вақт аст, чунки он ҳоло фақат танҳо як идея асту бас. Вале мавқеи усулии Қазоқистон ин аст, ки Қазоқистон имкон намедиҳад, ки қаламраваш барои убури таҳримот истифода шавад. Ин мавқеъ иваз нашудааст ва зимни арёзбии ҳар навъ пешниҳодҳо дар оянда низ ҳамчун маҳак истифода хоҳад шуд”, – изҳор дошт Василенко дар суҳбат бо журналистон.

Ӯ афзуд, ки қабл аз қабули ҳар навъ қарор ин пешниҳод аз ҷониби президенти Қазоқистон ва коршиносон омӯхта хоҳад шуд. Василенко гуфт, дар ин кишвар барои арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ дар пасманзари таҳримоти зидди Русия комиссияи ҳукуматӣ ташкил шудааст.

 Дар матбуоти тарафдори Кремл пешниҳоди Путинро хеле гарм баррасӣ мекунанд, вале дар бораи аз пазируфтани он даст кашидани Қазоқистону Ӯзбекистон ҳарфе намезананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button