АфғонистонҲуқуқи инсон

ИҶРОИ ҲУКМИ ҚАТЛИ ЯК МАРД ДАР ПЕШИ ЧАШМИ МАРДУМ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ҲИРОТ

7-уми декабри соли 2022 дар Афғонистон “Толибон” аввалин маротиба пас аз ба сари қудрати сиёсӣ омаданашон як мардро дар майдони футбол бо иштироки намояндагони воломақоми ҳукумати “Толибон” дар маҳзари ом эъдом (қатл) кардаанд.

Гуфта мешавад, саҳнаи кушторро ноиби сарвазир, Мулло Абдулғанӣ Бародар ҳамроҳи сарпарасти додгоҳи олӣ, вазири корҳои  хориҷӣ, вазири корҳои дохилӣ- Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, вазири маориф, вазири адлия, сухангӯи расмии “Толибон” ва волиҳои  Қандаҳору Ҳирот тамошо кардаанд.

Манобеи бархе расонаҳо хабар додаанд, ки “мебоист як зан низ сангсор шуда, ду мард эъдом мешуд”. Вале “Толибон” танҳо эъдоми як нафарро таъйид кардаанд.

Гуфта мешавад, ин марди эъдомшуда аз вилояти Ҳирот буда Тоҷмир ном доштааст. Ӯро бар асоси шикояти як сокини вилояти Фароҳ бо номи Мустафо дастгир кардаанд. Аммо кай ва дар куҷо дастгир шудани Тоҷмирро масъулини “Толибон” нагуфтаанд.   Танҳо шарҳ додаанд, ки гӯё Тоҷмир 5 сол пеш як узви оилаи Мустафоро кушта будааст ва ба гуноҳи худ қоил омадааст.

Намояндагони Толибон мегӯянд, се дафъа аз модари мақтул хостаанд, ки аз гуноҳи қотил гузарад, вале ӯ ба қатли кушандаи писараш пойфишорӣ кардааст.

Сухангӯи гурӯҳи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ки “ин қазия хеле мӯшикофона баррасӣ гардид. Ин амрро 3 қозӣ тасдиқ намуда, худи мулло Ҳайбатулло Охундзода иҷозат дод”.

“Толибон” пас аз ғасби якуми ҳукумат аз соли 1996 то соли 2000 дар саросари Афғонистон ба таври пайваста дар ҷойҳои серодам, мисли бозорҳо, маҳбусони мардро ба дор мекашиданд ва занҳоро сангсор мекарданд.

Бо дубора ба сари қудрати сиёсӣ омаданашон “Толибон” дар рӯзҳои аввал гуфта буданд, ки “аз “Толибон”-и солҳои 90 фарқ доранд ва дигар он амалҳои ваҳшатнок моли таърих шуд”.

Аммо тӯли як соли сипаришуда бо ҳукумати  толибонӣ, дар Афғонистон пайваста муҳокимаҳои саҳроӣ, мисли дастбурриву шаллоқу сангсор аз сӯи аъзои “Толибон” сурат мегирад.

Ин  нахустин иҷрои ҳукми эъдом баъд аз бозгашти “Толибон” ба қудрат бо маҳкумияти густурдаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Вале дар ҷавоб Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” дар Твиттери худ навиштааст, ки “ҳатто дар Амрико ва Аврупо муҷозоти ҳукми эъдом вуҷуд дорад”. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button