ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ДУ КӮДАКИ ХУРДСОЛИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 7 декабри соли 2022  дар ноҳияҳои Красногвардейский ва Красноселский, дар ду гӯшаи гуногуни шаҳри Санкт-Петербурги Русия якбора ду кӯдаки хурдсол аз оилаҳои муҳоҷирони тоҷик ба иллати сармохӯрдагӣ ҷон додаанд. Яке аз ин тифлони ғӯррамарг 3 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ панҷмоҳа будаанд. Бино ба хабарҳо, волидони ин ду тифл худашон ба табобати онҳо машғул шуда, сари вақт ба табибон муроҷиат накардаанд. Гумон меравад, ки сабаби сари вақт ба бемористон набурдани ин тифлон дуруст набудани ҳуҷҷатҳои волидони онҳо метавонад бошад. Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши сабабҳои марги ин ду кӯдак пардохтаанд. Онҳо аз ҷумла хунукназарии волидони ин ду кӯдаки ғӯррамаргро низ таҳқиқ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи маҳаллии “Фонтанка”, рӯзи 7 декабр кормандони пулис дар як манзили иҷора дар хиёбони Пискареви ноҳшияи Красногвардейский шаҳри Петербкрг ҷасади як кӯдаки сесолаи тоҷикиро пайдо кардаанд. Волидони ин тифл гуфтаанд, ки рӯзи 5 декабр  ҳарорати бадани ӯ баланд шуда, сурфа мекард, вале онҳо худашон ба табобати кӯдак машғул шуда, ба табибон муроҷиат накардаанд.

 “Фонтанка” менависад, сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат накардани волидони ин кӯдак метавонад мушкили ҳуҷҷатҳои онҳо бошад, зеро дар ин оила танҳо падари кӯдаки ғӯррамарг дар Петербург расман сабти ном ва патент дошту ҳамчун расонандаи ғизо (доставщик еды) кор мекард. Модари 23-солаи кӯдак дар Петербург сабти ном надоштааст.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯзи 7 декабр як оилаи муҳоҷирони тоҷик, ки дар кӯчаи Коммунарҳои ноҳияи Красноселский зиндагӣ мекарданд, мошини “Ёрии таъҷилӣ”–ро  барои кумак ба фарзанди панҷмоҳаашон даъват кардаанд.  Падару модари кӯдак гуфтаанд, ки аз субҳ ҳарорати бадани кӯдак пойин намефарояд. Аммо табибон ба ин тифли маъсум кумаке расонда натавонстанд. То омадани онҳо ӯ алакай ҷон дода буд.

 “Бино ба хабари расида, волидон ҷасади кӯдакро аз табибони “Ёрии таъҷилӣ” гирифта, худашон ба бемористон бурдаанд. “Ёрии таъҷилӣ” дар ин бора ба пулис хабар додааст. Кормандони пулис онҳоро дар шифохонаи воқеъ дар кӯчаи Освобождение пайдо карданд. Ҷасади кӯдакро барои муайян кардани сабаби маргаш ба морг бурдаанд”, — хабар медиҳад “Фонтанка”.

Волилони ин кӯдак, ки ҳарду 26 сол доранд ва шаҳрвандони Тоҷикистонанд, дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштаанд. Нисбат ба онҳо барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва ҳам барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун волидайн протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Марги якбора ду кӯдак дар оилаҳои муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки дар Петербург дар ин шабу рӯз дар байни чӣ аҳолии калонсол ва чӣ кӯдакон авҷи мавсими нави грипп, аз ҷумла “гриппи хук” (A H1N1) мушоҳида мешавад.  Пойтахти шимолии Русия дар ин шабу рӯз ҳамчунин ба авҷи нави паҳншавии бемории коронавирус низ рӯбарӯ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button