ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҶАРРОҲИИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК, КИ КӮРРӮДААШ ДАР ТАРАФИ ЧАПИ ШИКАМАШ БУД (ВИДЕО)

Дар миёнаи моҳи ноябри соли 2022 ба бемористони ёрии таъҷилии тиббии кишвари Краснодари Русия як ҷавони 20-сола аз Тоҷикистон бо дарди сахт дар ноҳияи шикамаш муроҷиат кардааст.

Бемористони ёрии таъҷилии тиббии кишвари Краснодар бо нашри як видео дар бораи ин мавриди дар тиб нодир дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки тамоми аломатҳои бемории ин ҷавони тоҷик ишора ба дарди кӯррӯда (аппендитсит) мекарданд, вале ҷавон мегуфт, ки “тарафи чапи шикамам дард мекунад”.

Табибон беморро ташхиси рентгенӣ карданд. УЗИ ҳам тасдиқ кард, ки ӯ ба дарди кӯррӯда гирифтор шудааст, вале бо як фарқ:  аъзои бадани ин ҷавони тоҷик, аз ҷумла кӯррӯда, хичак ва ҷигараш баракс ҷойгир шудаанд.

Артём Сироватка, ҷарроҳи бемористони Краснодар, ки табобати ин ҷавони тоҷикро ба уҳда дошт, мегӯяд: Ин беморро ба сурати оҷил бистарӣ ва ҷарроҳӣ кардем. Вале ин ҷарроҳӣ барои мо, табибон як андоза ғайриоддӣ буд: Он коре, ки мо дар вақти ҷарроҳӣ маъмулан бо дасти рост анҷом медодем,  ин дафъа маҷбур шудем, ки бо дасти чап иҷро кунем”.

Ба сурати умум, ҷарроҳии кӯррӯда як ҷарроҳии оддист ва амалиёти кӯррӯдаи ҷавони тоҷик низ хуб гузашту кӯррӯдаи ӯро буриданд ва ӯ алакай шифо ёфта, аз бемористон низ ҷавоб дода шудааст.

Вале Артём Сироватка мегӯяд, ки ӯ бори аввал бо чунин мавриди ғайриоддӣ рӯбарӯ шуд: “Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ дар бораи вуҷуд доштани чунин ҳолатҳо мутолиа карда будам. Табибони пуртаҷрибатар низ дар бораи чунин ҳолатҳо нақл мекарданд. Вале худи ман бори аввал дар умрам бемореро дидам, ки аъзои баданаш баракс ҷойгир шудаанд”.

Табиби рус гуфт, он ҷавони тоҷик ҳам то гирифториаш ба дарди кӯррӯда аслан хабар надоштааст, ки аъзои баданаш баракс ҷойгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button