ВидеоМуҳоҷирон

ДЕПОРТАТСИЯИ 53 НАФАР, АЗ ҶУМЛА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ ВИЛОЯТҲОИ КАЛУГА ВА ИВАНОВО (2 АКС)

Дар ин ҳафта приставҳои вилояти Иваново 48 нафар ва приставҳои вилояти Калуга 5 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 4 муҳоҷири тоҷикро аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Ба ҳамаи онҳо барои 5 соли оянда убури марзҳои Русия манъ карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 8 декабри соли 2022 хадамоти приставҳои ин ду вилояти Русия хабар доданд.

Сухангӯи раёсати приставҳои вилояти Иваново Оксана Журавлёва ба сомонаи i3vestno.ru хабар дод, ки 48 муҳоҷири ихроҷшуда асосан шаҳрвандони Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон буданд, ки додгоҳҳои ин вилоят ба сабаби вайрон кардани қоидаҳои будубош ҳукми аз Русия ихроҷ кардани онҳоро баровардаанд.

“Приставҳо қонуншиканҳоро то хатти марзи давлатии Русия дар фурудгоҳи шаҳри Маскав бурда, ба дасти кормандони хадамоти марзбонӣ супурданд. Акнун онҳо ба Русия танҳо баъди 5 сол метавонанд баргарданд”,  – гуфтааст Оксана Журавлёва.

Раёсати приставҳои вилояти Калуга хабар дод, ки приставҳои ин вилоят 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Арманистонро аз қаламрави Русия берун кардаанд.

“Додгоҳ ба сабаби вайрон кардани муҳлати будубош ваё қоидаҳои фаъолияти корӣ дар Русия қарори ихроҷи ин 5 нафарро содир карда буд ва онҳо дар интизори ихроҷ дар боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор доштанд. Приставҳо 4 тоҷик ва як арманиро то нуқтаи посгоҳи марзӣ дар фурудгоҳи Маскав оварданд ва ба кишварҳои зодгоҳашон фиристоданд. Марзи Русия ба рӯи онҳо барои 5 соли оянда баста шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Губернатори кунунии вилояти Калуга Владислав Шапша  бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Баъди таъйини ӯ ба ин мақом ягон моҳе нест, ки аз Калуга дар бораи ихроҷи гуруҳи навбатии муҳоҷирон, асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, хабаре нашр нашавад. Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон аз Русия табиати оммавӣ дошт ва як муддат шумори шаҳрвандони аз Русия ихроҷшуда ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда танҳо дар Тоҷикистон аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ихроҷи муҳоҷирон аз Русия зоҳиран камтар шуд, вале то ҳол давом дорад ва шуморашон ба садҳо ҳазор мерасад.

Моҳи сентябри соли 2021 мақомоти Русия 270 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро афв карда, ба вуруди дубораи онҳо иҷозат доданд. 120 ҳазор нафари афвшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин моҳи майи соли 2022 Русия ба ҳудуди 47 ҳазор шаҳрванди мамнӯъулвуруди Қирғизистон низ иҷозати убури марзҳояшро дод. Онҳое мавриди афв қарор гирифтанд, ки барои ягон қонуншикании хурд ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтода буданд. Ин афв онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, фаро намегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button