ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҚАЗОҚИСТОН АЗ “ИТТИҲОДИ СЕГОНА” БО РУСИЯ ДАСТ КАШИД. ӮЗБЕКИСТОН ХОМӮШИРО ИХТИЁР КАРДААСТ

Қазоқистон пешниҳоди президенти Русия барои таъсиси “иттиҳоди сегонаи газ”  байни Русияву Қазоқистон ва Ӯзбекистонро напазируфт. Ӯзбекистон то ҳол ба ин пешниҳод дар маҳзари ом вокуниши расмие нишон надодааст, вале муовини вазири хориҷаи Қазоқистон Роман Василенко гуфт, Остона иҷозат нахоҳад дод, ки қаламраваш барои сарфи назар ва убур кардани таҳримоти Ғарб истифода шавад. Василенко гуфт, Қазоқистон ба тарҳи таъсиси “иттиҳоди сегонаи газ” аз ҳамин зовияи хатари таҳримот бархӯрд хоҳад кард. Коршиносон мегӯянд, бастани иттиҳод бо Қазоқистону Ӯзбекистон ба Русия имкон медод, ки бо убури таҳримоти дар пайи ҷанги зидди Украина ҷоришуда аз фурӯши гази худ фоидаи бештар ба даст биорад.

Муовини вазири хориҷаи Қазоқистон Роман Василенко  дар ҳошияи иҷлосияи парлумон ба журналистон гуфт, ҳарчанд Қазоқистон ҷонибдори эъмоли таҳримот ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти байналмилалӣ нест, вале пайгирона бо риояи ин гуна таҳримот амал мекунад.

 “Баррасии муҳтавои иттиҳоди сегонаи газ ҳанӯз пеш аз вақт аст, чунки он ҳоло фақат танҳо як идея асту бас. Вале мавқеи усулии Қазоқистон ин аст, ки Қазоқистон имкон намедиҳад, ки қаламраваш барои убури таҳримот истифода шавад. Ин мавқеъ иваз нашудааст ва зимни арёзбии ҳар навъ пешниҳодҳо дар оянда низ ҳамчун маҳак истифода хоҳад шуд”, – изҳор дошт Василенко дар суҳбат бо журналистон.

Ӯ афзуд, ки қабл аз қабули ҳар навъ қарор ин пешнизод аз ҷониби президенти Қазоқистон ва коршиносон омӯхта хоҳад шуд. Василенко гуфт, дар ин кишвар барои арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ дар пасманзари таҳримоти зидди Русия комиссияи ҳукуматӣ ташкил шудааст.

Тавре қаблан хабар додем, президенти Русия Владимир Путин  рӯзи 28 ноябр дар мулоқот бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Тоқаев таъсиси иттифоқи сегонаи Русия ва Қазоқистону Ӯзбекистонро пешниҳод кард. Тоқаев аввал гуфт, Қазоқистон барои баррасии ин пешниҳод омода аст, вале баъдан назари худро иваз кард.

Тоқаев гуфта буд:  “Имрӯз ман бо Владимир Владимирович дар бора таъсиси як навъ иттифоқи сегона суҳбат кардем ва ӯ мехоҳад ба президенти Ӯзбекистон низ занг бизанад. Мо, ҳадди ақал худи ман, бояд ба ин мавзӯъ бипардозем, то ки ба як натиҷа ва тавофуқи дилхоҳ ноил шавем. Чаро не?”

Суҳбати телефонии Путин бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30 ноябр доир шуд, вале дар иттилоияҳои расмӣ дар ин бора, ки оё онҳо масъалаи таъсиси иттифоди 3 кишвари тавлидкунандаи газро ҳам баррасӣ карданд ё на?, чизе гуфта нашуд.

Тошканд дар умум то кунун дар ин масъала хомӯширо ихтиёр кардааст ва ягон бор пешниҳоди Путинро шарҳ надодааст.

Матбуоти тарафдори Кремл пешниҳоди Путинро хеле гарм баррасӣ мекунанд, вале дар бораи аз пазируфтани он даст кашидани Қазоқистону хомӯшии Ӯзбекистон ҳарфе намезананд.

Нашрияи Сentralasian.org менависад, “ба ақидаи ҷониби Қазоқистон, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин иттиҳод метавонад имконияти убур кардани таҳримотро фароҳам биорад, вале дар амал вобастагии Остона аз Маскавро боз ҳам бештар хоҳад кард. Бар илова, ҳанӯз маълум нест, ки кишварҳои Ғарб ба интиқоли гази Русия аз тариқи қаламрави Қазоқистон чӣ гуна бархӯрд хоҳанд кард? Бидуни шакку шубҳа, ин амал норозигии ҳукумати Амрико ва муттаҳидонашро ба бор хоҳад овард”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button