ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 3 КОРД АЗ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ХУҶАНД – НИЖНЕВАРТОВСК (2 АКС)

Дар фурудгоҳи шаҳри Нижневартовск дар шимоли Русия аз як шаҳрванди ин кишвар, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон омада буд, се корди шикорӣ пайдо кардаанд. Ин мусофир гуфтааст, ки кордҳоро ҳангоми саёҳати Тоҷикистон ҳамчун армуғон (сувенир) харида буд ва намедонист, ки дар роҳи ворид кардани чунин молҳо ба Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудаанд.

Вале хадамоти матбуоти боҷхонаи вилояти Тюмен дар шарҳи ин қазия гуфт: “Ин мусофир се кордро тавассути “роҳрави сабз” гузаронданӣ буд. Ташхис нишон дод, ки ин кордҳо мисли кордҳои шикорӣ сохта шудаанд ва силоҳи сарди халандаю буранда ба шумор мераванд, на туҳфа ё армуғон”.

Нисбат ба мусофири аз Хуҷанд воридшуда бар асоси ду банди Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия (моддаҳои 16.2 ва 16.3) бо иттиҳоми эълом накардани молҳои худ дар боҷхона ва вайрон кардани маҳдудиятҳо дар роҳи воридоти молҳои алоҳида парвандаи маъмурӣ кушода, кордҳои овардаашро гирифтаанд. Ба ӯ акнун ҷарима бо мусодираи кордҳояш таҳдид мекунад.

Устоҳои кордсоз дар шимоли Тоҷикистон, бахусус устоҳои кордсози Истаравшан, бо маҳорати беҳамтои худ дар сохтани кордҳои нақшин ном баровардаанд ва бисёре аз сайёҳони хориҷӣ ҳамчун аз армуғон аз Тоҷикистон ягон корди сохтаи устоҳои тоҷикро бо худ мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button