ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭРДУҒОН БА ПУТИН ШАРТ ГУЗОШТ ВА ДУ ҲАФТА ВАҚТ ДОД

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия ба Путин, президенти Русия шарт гузоштааст, ки ё Путин ва Амрико “Нерӯҳои демократии Сурия”-ро аз шаҳрҳои Манбиҷ, Тали Рифъат ва Айн ул-Араб (ки бо номи Кӯбонӣ ҳам маъруф аст) хориҷ мекунанд ва ё Туркия даст ба амалиёти низомии заминӣ зада, қӯшунҳояшро вориди ин шаҳрҳои Сурия мекунад.

Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” бо такя ба манобеи худ аз қавли як мансабдори воломақоми турк хабар додааст. Манбаъ меафзояд, ки “Эрдуғон барои Путин  ҳатто вақт додааст ва дар сурати саривақт иҷро нагардидани шарташ аз қавлаш барнамегардад”.

Аммо Амрико ба ҷониби Туркия пешниҳод кардааст, ки роҳбарияти ин эътилофи низомиро ба дасти арабҳо медиҳад то, ки Эрдуғон хотирҷамъ бошад.

Дар ҳамин ҳол Путин хостааст бар ивази ин гузашташ дар Сурия ,Эрдуғон дар ҷабҳаи Украина бояд ба ӯ “кумак” кунад. Гуфта нашудааст, ки хусусан кадом навъи кумак?

Вале коршиносони соҳа мегӯяд, ки ин кумак метавонад аз нафурӯхтани тайёраҳои ҷангии бесарнишин ба Украинаю иҷозаи вуруди киштиҳои ҷангиаш ба Баҳри Сиёҳ  то хариди нафти русӣ, ки дар зери таҳрим қарор дорад, аз ҷониби Туркия  бошад.

Дар мусоҳибае, ки Эрдуғон ҳанӯз 21-уми ноябри соли 2022 бо расонаи туркии Daily Sabah анҷом дода буд, ӯ Путинро ба ваъдахилофӣ айбдор карда, гуфта буд, ки “тибқи “аҳдномаи Сочӣ, ки дар соли 2019 байни Русия ва Туркия баста шудааст, мебоист Русия шимоли Ироқ ва Сурияро аз “террористон” озод ва пок мекард. Вале бо дар назардошти таъкидҳои мукаррари мо русҳо ин корро накарданд”.

Бояд ёдовар шуд, ки 20-уми ноябри соли 2022 Туркия аз оғози амалиёти низомие бо номи “Чанголи шамшер” алайҳи воҳидҳои низомии курд хабар дода, ба вилоятҳои курдиниши Сурия, Ҳалаб, Ал-Ҳасакӣ ва Раққа зарбаҳои ҳавоӣ аз тариқи тайёраҳои ҷангӣ, паҳбодҳо(дрон) ва тӯпхонаҳо(артиллерия) зад.

Чанд рӯзе пеш низ Эрдуғон зимни суханрониаш гуфта буд, ки “агар зарур бошад мо нерӯҳои заминии худро низ ба ин амалиёт ҷалб мекунем”. Ва таъкид карда буд, ки “ман бо роҳбарони он кишварҳое, ки дар ин манотиқи курднишини Сурия нуфуз ва манфиат доранд, сӯҳбат карда, мавқеи худро баён намудам”.

Нерӯҳои демократии Сурия як эътилофи низомие аст, ки барои мубориза бар зидди ДОИШ соли 2015 ташкил шуда буд. Ин эътилоф асосан иборат аз аққалиятҳои Сурия, мисли курдҳо, ошӯриҳо, туркманҳо ва сунниҳо аст, ки шуморашон то ба 30 ҳазор  нафар мерасад. Нирӯҳои ин эътилоф минтақаҳои шимоли Сурияро зери нуфуз доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button