ВидеоТоҷикистон

ХАБАРИ +18: ЯК СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЗАНУ ФАРЗАНДАШРО КУШТА, ҶАСАДҲОРО ОТАШ ЗАДААСТ

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола ҳамсари 36-сола ва фарзанди 9-солаашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст. Дар ин бора рӯзи 7 декабри соли 2022 “Азия Плюс” аз қавли Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба иттилои Акбар Шарифӣ, ин ҷинояти мудҳиш рӯзи 28-уми ноябри соли 2022 дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух додааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, аввал байни зану шавҳар муноқиша бархоста,  кӯдак шоҳиди  чӣ гуна кушта шудани модараш мешавад.

“Кӯдак мебинад, ки падар модарашро кушта истодааст, ба бобояш занг мезанад ва ҳодисаро мегӯяд. Падар барои ин рафтораш кӯдак ва дар як вақт, шоҳиди ҳодисаро ба қатл расонида, ҷисми ӯро низ оташ мезанад”, – гуфт ӯ.

Акбар Шарифӣ ҷузъиёти ҳодиса ва ному насаби онҳоро барои халалдор накардани раванди тафтишот ироа накард.

Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Ба ин мард то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Чанд вақт боз дар ҷомиаи Тоҷикистон талабҳо барои барқарор кардани ҳукми қатл барои омилони ҷиноятҳои сангин баланд мешаванд. Тоҷикистон аз соли 2004 болои судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон карда, ҳукми қатлро бо ҳабси умрбод иваз кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button