ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТАКОБ ЯК ТЕППА БА БОЛОИ РОҲ ЧАППА ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 6 декабри соли 2022 дар шарқи ҷумҳурӣ заминларза рух дода, субҳи 7 декабр дар ҷамоати Такоби ноҳияи Варзоб як теппа ба болои роҳ фурӯ рехтааст.

Бино ба иттилои Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шаби 6 декабри соли 2022, соати 21:03 ба вақти мазаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух додааст. Маркази заминларза дар 177-километрии шимолушарқи шаҳри Душанбе ва 53-километрии ҷанубишарқи ноҳияи Рашт ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш 5 балл ва дар ноҳияи Рашт тибқи ҷадвали Рихтер 2- 3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ касе осеб надидааст ва ягон биною иншоот вайрон нашудааст.

Субҳи 7 декабри соли 2022, соати 07:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоати Такоби ноҳияи Варзоб, дар гардиши тарафи минтақаи истироҳатии “Сафедорак” як теппа ба болои роҳи маҳаллӣ чаппа шудааст. Дар натиҷаи ин офат ҳам, хушбахтона, касе осеб надидааст. Гуфта мешавад, барои рафъи оқибатҳои ин офат техникаи махсус ва кормандони хадамоти роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдрас кардааст, ки дар пайи боришоти шадиди ахир бахусус дар манотиқи кӯҳистон ва кӯҳдоман хафви фурӯ рехтани тармаву сангрезӣ ва фурӯ рафтани теппаҳову кӯҳҳо зиёд аст. Ба ин далел Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракат тавассути роҳҳои кӯҳистонро ҳадалимкон маҳдуд карда, бидуни зарурати оҷил ба роҳ набароянд. Аз мардум ҳамчунин хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқ и кӯҳистон низ худдорӣ варзида, аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон сардиҳои кунунӣ дар Тоҷикистон дастикам то 9 декабр идома меёбад ва дар ин рӯзҳо дар водиҳо рехтани борону барфи тар ва дар манотиқи кӯҳистон барфрезиҳои шадид пешбинӣ карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button