ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ 17 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН КАРДА ШУД (3 АКС)

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди ташхиси беш аз 17 километри дигар аз қитъаҳои баҳсии марзи байни ин ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора рӯзи 7 декабри соли 2022 бо нашри баёнияҳои тақрибан ҳамсон хадамоти матбуоти кобинаи вазирони Қирғизистон ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи тарафҳо рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Тафсилоти аз ин бештар дода нашудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ду кишвар дар мавриди кадом қитъаҳои баҳсӣ ба тавофуқ расидаанд? Моҳи ноябр раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов хабар дода буд, ки Тоҷикистон розӣ шудааст, ки минтақаи баҳсии Чоркӯча (Торт-Кочо) дар марзи ду кишвар минтақаи бетараф эълон карда шавад. Чоркӯча, ки онро дар Тоҷикистон мавзеи Зарафшон меноманд,  дар марзи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст ва роҳҳо аз ноҳияи Бодканд ба тарафи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва  аз Исфара ба тарафи ҷамоати Ворухи Тоҷикистон тавассути ҳамин қитъаи баҳсӣ мегузаранд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар аз ҳарду ҷониб дар умум наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.  Ҳарду тараф дар шурӯи даргириҳои ахир ва қаблӣ якдигарро айбдор мекунанд.

Раисиҷумҳури  Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи ноябр, дар пайи ба поён расондани музокироти марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт, ки онҳо мехоҳанд алакай то поёни соли 2022 бо Тоҷикистон  низ дар мавриди ҳалли тамоми мушкилоти марзӣ ба тавофуқ бирасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button