ВидеоТоҷикистон

ОШИ НАҲОРИ ТӮЙИ АРӮСИИ ДУХТАРИ ХУРДИИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАРАБХОНАИ НАВИ “МАГНОЛИЯ” ДОИР ШУДААСТ

Рӯзи якшанбеи 4-уми декабр дар тарабхонаи нави “Магнолия”-и шаҳри Душанбе маросими “оши наҳор”-и издивоҷи духтари хурдии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо писари додситони кул Юсуф Раҳмон баргузор шудааст.Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба иттилои нашрия, қарор аст, ҷашни арӯсии Фарзона Раҳмон ва Сафархон Юсуф Раҳмон охири  ҳафтаи равон барпо шавад.  Сафархон Раҳмон, писари додситони кулли Тоҷикистон дар Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Ҷойи кори Фарзона Раҳмон маълум нест.

Чанд манбаъи Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд, ки нахустин маросими ин арӯсӣ баргузор шудааст. “Рӯзи 4-уми декабр ба муносибати издивоҷи ин ду ҷуфт дар тарабхонае дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе оши наҳор дода шуд, ки дар он мансабдорони баландпоя ва наздикони ду тараф иштирок карданд”,—гуфтааст яке аз ин манобеъ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони дигари Озодӣ, ин минтақа ба муносибати омадани раисиҷумҳур бозсозӣ, поккорӣ ва рангубор шудааст. Тарабхонаи “Магнолия”, ки маросими “оши наҳор” он ҷо баргузор шудааст, ба гуфтаи манбаъҳо, ба як мансабдори дигари баландпояи Тоҷикистон тааллуқ дорад. Озодӣ менависад, “маълум нест, бо он маоши начандон бузург ва мамнуъ будани соҳибкорӣ барои мансабдорони давлатӣ, ин шахс чӣ гуна тавонистааст, чунин як иншооти калон бунёд намояд?”

Фарзона Раҳмон духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмонова 9 фарзанд: 2 писар ва 7 духтар доранд. Заррина Раҳмон, духтари аз Фарзона бузургтари Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш бо писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон издивоҷ карда буд.

Қудоӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон мавқеи мансабдоронро дар ҳукумат қавитар ва дасти онҳоро ба роҳандозии тиҷоратҳои бузург боз мекунад.

Бег Сабур, яке аз қудоҳои Эмомалӣ Раҳмон инак 20 сол боз роҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дошта, ҳамчунин ширкати мухобиротию интернетии “О Мобил” ва ширкати сохтмонии “Комил 2010”ро мечархонад.

Шералӣ Гул, қудои дигари Эмомалӣ Раҳмон чандин сол вазири энергетика ва саноат буд.

Ҳамин тавр, домодҳои президент низ ба мансабҳои баланд ва тиҷоратҳои бузург ба осонӣ даст меёбанд. Мамазоир (Зоир) Соҳибов ва бародарзодааш Шамсулло Соҳибов, ки ҳарду ба духтарони президент издивоҷ кардаанд, соҳиби тиҷоратҳои бузург буда, домоди дигари президент Ашраф Гулов сафири Тоҷикистон дар Туркия аст. Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон, то чанд моҳи пеш муовини аввали раиси Бонки миллӣ буд ва манбеи гуногун ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе Хуҷанд Чаноқ, ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Хабари бо президент қудо шудани додситони кул чандин моҳ боз вирди забонҳо буд. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки қарор буд, ҷашни арӯсии онҳо моҳи августи соли ҷорӣ барпо шавад, вале ба далели даргузашти хоҳари президент ба таъхир афтод.

Юсуф Раҳмон, ки соли 2015 ба мақоми додситони кулли Тоҷикистон расид ва соли 2020 барои боз 5 соли дигар ба ин мақом таъйин шуд, яке аз аъзои пурнуфузи ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба шумор меравад. Риштаи қудоӣ бо президент, ба бовари бисёриҳо, мавқеи бе ин ҳам мустаҳками Юсуф Раҳмонро дар ҳукумат боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button