ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ ВА ДАР ЛАБИ ДАРЁИ ЭЛОК

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 4 декабр ва субҳи 5 декабр дар ду садама дар ноҳияи Б.Ғафуров ва  дар канори шаҳри Ваҳдат як зани 28-солаи пиёдагард ва як мусофири 69-сола ба ҳалокат расидаанд. Дар ноҳияи Ғафуров мошини раҳгузар зани пиёдагардро пахш кардааст ва дар Ваҳдат як мошини тамғаи “Лексус” ба дарёи Элок чаппа шуда, боиси марги падари ронанда, ки мусофири “Лексус” буд, шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, 4-уми декабри соли 2022, тахминан соати 17:20, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес ML-280», Раҳматов Илёсҷон Илҳомҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Ашт” дар ҳудуди ҷамоати Д.Холматов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саматова Азиза Азамҷоновна, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Саматова А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, субҳи 5-уми декабри соли 2022, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи “Лексус RХ-330”, Зайбуддинов Маҳмадрасул Тоҳирович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада онро ба канори чапи роҳ ба дарёи Элок чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофири ин мошин Зайбуддинов Тоҳир, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Ваҳдат ва падари ронанда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button