ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

БА БАРОДАРИ ЯК ОППОЗИТСИОНЕРИ ТОҶИК ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ ТӮЙ КУНАД

Беҳрӯз Тағойзода, узви фаъоли созмони оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва муҷрии барномаи видеоии “Садои мардум” мегӯяд, мақомоти  Тоҷикистон ба баргузории тӯйи издивоҷи бародари хурдиаш иҷозат надодаанд. Беҳрӯз Тағойзода рӯзи 6 декабри соли 2022 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, бародараш 25 сол дошта, рабте ба ягон фаъолиятҳои сиёсӣ надорад ва дар як бемористон кор мекунад. Ӯ афзуд, баргузории тӯйи бародарашро дар ҳоле иҷозат надоданд, ки аҳли хонаводаи онҳо қаблан розигии мақомотро гирифта,  рӯзи тӯйро алакай 11 декабр муқаррар карда буданд ва қарзу қаволаи зиёде карда, масолеҳи тӯйро ҳам алакай харида буданд.

Беҳрӯз Тағойзода ин амали мақомотро як қонуншикании рӯирост ва поймол кардани ҳуқуқи инсон номид ва гуфт, наздиконаш расман ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Аҳли хонаводаи Беҳрӯз Тағойзода дар деҳаи Шайхони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд ва падараш омӯзгори мактаб аст.

Мақомот то кунун ин шикояти ин фаъоли мухолифинро ягон шарҳ надодаанд, вале бино ба нақли Беҳрӯз Тағойзода, падару модараш аз қабл ба мақомот муроҷиат карда буданд, ки нияти хонадор кардани фарзанди хурдиашонро доранд, оё иҷозат ҳаст, ки тӯй кунанд.

Ӯ мегӯяд:  “Аввал розӣ шуданд ва гуфтанд, ки шумо шаҳрванди озодед. Вале рӯзи шанбеи 3 декабр, вақте барои гирифтани иҷозатномаи тӯй ба бахши танзими ҷамоати Роҳатӣ муроҷиат карданд,  онҷо гуфтанд, ки ба амният бояд биравед аввал. Дар раёсати амнияти шаҳри Душанбе, ки наздикони ман рӯзи душанбеи 5 декабр онҷо рафтанд, шарт гузоштаанд, ки бояд аввал Беҳрӯз як видео сабт ва нашр карда, дар он аз идомаи пеш бурдани барномаи “Садои мардум” даст бикашад ва мо танҳо баъди ин ба тӯйи додараш иҷозат медиҳем.”

Беҳрӯз Тағойзода мегӯяд, ин талабро қатъиян рад кард ва мақомоти амниятӣ гуфтаанд,  ки дар ин сурат ба баргузории тӯй иҷозат намедиҳанд. Ин фаъоли мухолифин гуфт, аз шунидани ин хабар аҳволи модараш, ки аз фишори баланди хун азият мекашад, бад шудааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд.

Беҳрӯз Тағойзода аз соли 2015 узви “Гуруҳи 24” буда, соли 2017 ба Аврупо паноҳ овард ва аз соли 2016 муҷрии барномаи “Садои мардум”, як барномаи иттилоотии “Гуруҳи 24” аст. Беҳрӯз Тағойзода дар ин барнома ошкоро аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад.

Ӯ мегӯяд, наздиконаш дар Тоҷикистон чанд сол боз таҳти фишор қарор доранд ва падарашро чанд бор маҷбур карданд, ки ба зидди ӯ дар видео суҳбат кунад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба он айбдор мекунанд, ки хешовандони мунтақидон ва мухолифони сиёсии худро низ интиқомҷӯёна таҳти таъқиб қарор медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button