ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО 9 ДЕКАБР ДАР ВОДИҲОИ ТОҶИКИСТОН БОРОНУ БАРФИ ТАР МЕБОРАД, ДАР КӮҲҲО – БАРФ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 5 декабря 2022 бо нашри як огоҳии махсус сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро дар ҷараён гузошт, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, то рӯзи 9 декабр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво сард шуда, дар водиҳо рехтани боронҳое, ки ба барфи тар мубаддал мешаванд, ва дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистон барфрезии шадид пешбинӣ карда мешавад. Бино ба пешбинии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ҳамагӣ +5 0С хоҳад шуд.

Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ – ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро бар дӯш дорад, субҳи 5 декабр хабар дод, ки дар ин роҳ, хоса аз километри 10 то 73 – юм алакай бориши пуршиддати барф сар шудааст.

Вобаста ба ин, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш тамоми шаб амалӣ гардида, ҳоло ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор, имконпазир аст.  Муваққатан маҳдуд кардани гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор ба он хотир аст, то ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод нагардад”, – гуфта мешавад дар огоҳиномаи ин ширкат.

IRS бо орзуи роҳи сафед ба ҳамаи мусофирон аз ронандагон хостааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда ва ба ҳолати техникии мошинҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба бад шудани обу ҳаво аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои зиддисӯхторро қатъиян риоя карда ва нирӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Аз ронандагон ҳам хоста шудааст, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат, ба хусус дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо, пеш аз баромадан ба роҳ дуруст будани мошинҳои худро бисанҷанд, шинаҳои зимистона часпонанд ва мошинҳои боркашро бо таҷҳизоти хоси мавсими сардӣ, аз ҷумла бо занҷирҳои зидди лағжиш муҷаҳҳаз гардонда, дуруст будани шабакаи гармидиҳии воситаҳои нақлиёти худро бисанҷанд.

Аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳатман бо худ либоси гарм, фонус, ягон белча, трос барои буксир, гӯгирд, термос бо оби ҷӯш ва як канистра маводи сӯхти иловагӣ гирифта, дорувори дар мошин доштаашонро нав кунанд ва дар роҳҳо, бахусус дар маҳалҳои пуриздиҳом, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо, нишебиҳо ва дар назди мактабҳо мошинро бо суръати паст биронанд.

Аз ронандагон ҳамин тавр хоста шудааст, ки дар роҳ аз истифодаи манёврҳои ноҷо худдорӣ карда,  фосиларо байни мошинҳо зиёдтар кунанд, чунки дар роҳҳои лағжон барои манъ кардани мошин фосилаи зиёдтар лозим мешавад. Ва аммо агар ронандагон камтаҷриба бошанд ваё мошинашон барои ҳаракат дар чунин шароити обу ҳаво омода набошад, аз онҳо бо исрор хоста мешавад, ки аз сафар дар ин рӯзҳои хатарнок худдорӣ варзанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button