ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТАРКИШИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ЯК БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР ШАҲРИ НИЖНЕВАРТОВСКИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Бар асари таркише, ки 4-уми декабри соли 2022 дар як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Нижневартовски хавзаи мухтор Хантию Манси дар шимоли Русия рух дод, дастикам 6 тан кушта ва даҳ нафари дигар захмӣ  шуданд. Вазъи се тан аз маҷруҳон вазнин арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ин таркиш дар бинои панҷтабақае дар кӯчаи Мир, №6А дар натиҷаи истифодаи нодурусти балони газ рух додааст.

“Интерфакс” бо такя ба манобеи худ менависад, ки таркиш дар ошёнаи дуввуми бино, замоне рух додааст, ки сохтмончиён ба таъмири яке аз хонаҳо машғул будаанд.

Дар натиҷаи таркиш 5 манзил фурӯ рафта, 10 манзили дигар зарари ҷиддӣ дидааст. Наҷотдиҳандагон 52 нафарро ба ҷои амн интиқол додаанд, вале то ба ҳол тақдири 7 тан, бо шумули кӯдакони хурдсол, норӯшан боқӣ мондааст.

Дар шаҳри Нижневартовск ҳолати фавқулодда эълон шуда, амалиёти наҷотдиҳӣ ва кофтукови шахсони бедаракшуда то  ҳол идома дорад. 

То ба ҳол шахсияти фавтидагон расонаӣ нашудааст. Танҳо аз ду осебдида ном мебаранд, ки дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Инҳо Александр Кулков ва ҳамсараш будаанд.  РЕН ТВ номи 4 тан аз ҳалокшудагонро нашр кардааст, ки  чунинанд:

  • Шабалина Е. Я. 2003 г.
  • Кульков А. А. 1955 г.
  • Кулькова С. М. 1960 г.
  • Шабалина И. П. 1977 г.

Дар бораи осеб дидани касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин фалокат хабаре ба даст нарасидааст. Умедворем, касе аз ҳамватанони мо дар ин фалокат осебе надида бошанд. 

Дар хабар омадааст, ки ин бинои истиқоматӣ солии 1974 сохта шуда, дар он 226 нафар ба сар мебурданд ва он бо гази табии муҷаҳҳаз гардонида нашудааст.

Бино ба як фарзия, балони газро сохтмончиён барои истифода дар тармими яке аз манзилҳо бо худ овардаанд.  Ба фарзияи дигар, яке аз сокинон ин балони газро барои истифода дар моҳигирӣ омода мекардааст.

Ин алакай 3-юмин таркиши газ дар биноҳои истиқоматӣ  дар давоми 24 соат дар саросари Русия аст. Аз аввали сол бошад  дар 34 таркиши газ дар биноҳои истиқоматӣ дар Русия дастикам 32  нафар ба ҳалокат расидаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button