Ҷанг дар Украина

ҲАМЛАИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИН БА ДУ ФУРУДГОҲИ ҲАРБИИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Субҳи  5-уми декабри соли 2022,  жронҳо ё ҳавопаймоҳои бесарнишини ношиносе ба ду фурудгоҳи низомии Русия дар вилоятҳои Саратов ва Рязан ҳамла кардаанд.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии Baza, як дрон ё паҳпод фурудгоҳи низомиеро, ки дар шаҳри Энгелси вилояти Саратов, ҷойгир шудааст зери ҳадаф гирифтааст. Манбаъ меафзояд, ки “дар натиҷаи ҳуҷуми ҳавопаймоҳои бесарнишин ба фурудгоҳи низомии “Энгелс – 1″, ду тайёраи бомбаандози навъи Ту-95 осеб дида, 2 тан аз низомиёни рус низ маҷрӯҳ гардидаанд”.   

Лозим ба зикр аст, ки фурудгоҳи ҳарбии Энгелс аз хатти марзи Русия бо  вилояти ишғолшудаи Луҳански Украина тақрибан 700 км ва аз минтақаҳои таҳти назорати артиши Украина қариб 900 км дуртар ҷойгир шудааст.

Ҳамлаи дувум дар фурудгоҳи низомии “Дягилево”, ки дар ғарби вилояти Рязан ҷойгир шудааст, ба вуқӯъ пайвастааст. Бино  ба навиштаи “РИА Новости”, дар ин фурудгоҳи ҳарбӣ “як худрави ҳомили маводи сӯхт оташ гирифта, таркидааст, ки дар натиҷа 1 тайёраи низомӣ хароб,  3 тан кушта ва 6 нафари дигар осебҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд”.

Дар ин фурудгоҳи низомӣ, ки низ аз марзи Украина қариб 700 км дур аст,  тайёраҳои ҷангии навъи Ту-95МС, Ту-22М3, Ту-134УБЛ, Ил-78 ва Ан-26 нигоҳ дошта мешаванд ва аз инҷо ба хоки Украина пайваста ҳамлаҳои ҳавоӣ сурат мегиранд.

Чанде пеш ҷониби Украина хабар дода буд, ки “дар ҳоли сохтани ҳавопаймои бесарнишинест, ки қобилияти парвоз ба фосилаи 1000 километрро дорад ва метавонад ба қалби Русия зарба занад”. 

Михаил Подоляк, мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина дар саҳифаи худ дар Твиттер дар робита бо ин ҳамалот навиштааст, ки “Замин куррашакл аст. Инро ҳанӯз барвақт Галилей кашф карда буд. Боиси таассуф аст, ки дар кохи Кремл аз илми кайҳоншиносӣ (астрономия) бехабаранд ва ба фолбинҳои дарборӣ боварии калон доранд. Агар  онҳо аз илми кайҳоншиносӣ бархӯрдор мебуданд, медонистанд, ки чун ба шакли бардавом ба ҳарами ҳавоии кишвари дигаре чизеро шиллик кунӣ, дер ё зуд, албатта, онҳо ба ҷои парвози аввалаи  худ бар мегарданд”. Вале ин мансабдори украинӣ нагуфтааст, ки оё Украина дар ин ҳамлаҳо ба фурудгоҳҳои ҳарбии Русия даст дорад ва ё на?

Чанд рӯзе пеш расонаҳои Украина навишта буданд, ки бомбаафканҳои русии Ту-95 аз фурудгоҳи низомии “Энгелс- 1” ба ҳаво бархоста, шаҳрҳои Украинаро бомбаборон мекунанд. Рӯзи 1-уми декабри соли 2022 ширкати моҳвораии Maxar Technologies ва Planet Labs аксҳое нашр намуданд, ки дар он миқдори зиёди тайёраҳои қиркунанда ва бомбафканҳо бо мушакҳои дурпарвози навъи X-55 ва Х-101 дида мешуданд.

Дар ҷавоб ба ин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин рӯзи 5-уми декабри соли 2022 Русия аксари шаҳрҳои бузурги Украинаро мушакборон кард.

Ҳамзамон Русия барои нишон додани иқтидори худ аз ҳамон фурудгоҳи низомии “Энгелс -1”  яку якбора 14 тайёраи ҷангӣ, бо шумули бомбафканҳо ва қиркунандаҳояшро ба ҳаво бархезонд.

Ҷониби Украина бо такя ба манобеи истихборотии худ мегӯяд, ки ҷониби Русия дар ҳоли тамрин барои бомбаборони саросарии хоки Украина аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button