ВидеоМуҳоҷирон

ҲАБСИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД БАРОИ ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАРАШ

Нимашаби 4 декабри соли 2022 , тақрибан соати 00:10, як зани сокини кӯчаи Операторҳо ба шуъбаи пулиси ноҳияи Всеволожски вилояти Ленингради Русия занг зада, хабар додааст, ки марди ҳамсояашон зану кӯдаки худро бераҳмона латтукӯб карда истодааст ва аз хонаи онҳо садои доду фарёд ва гиряву нола ба гӯш мерасад.

Кормандони пулис алакай баъди 6 дақиқа ба ҷои ҳодиса расида, як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Назари худи ин муҳоҷир дастрас нест, вале бино ба фарзияи пулис, ӯ “дар заминаи муносибатҳои бадбинона” бо ҳамсари  39-солааш, ки шаҳрванди Русия аст, муноқиша карда, ӯро зери мушту лагат гирифтааст.

Зани ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд. Бино ба ташхиси табибон, ӯ осеби мағзу косахонаи сар бардошта, ҳамчунин аз қафаси сина, сар ва дасту пояш низ ҷароҳатҳо бардоштааст.

Шаҳрванди Тоҷикистонро ба шуъбаи пулис оварда, нисбат ба вай протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва ба ҳабс гирифтаанд. Аз ҷои ҳодиса либоси хунолуди зани ҷабрдидаро низ ҳамчун далели шайъӣ овардаанд ва ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди муҳоҷири тоҷик дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ба ӯ барои расондани осеб ба саломатии ҳамсараш ҳамчун ҷазо аз 3 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шаҳри Всеволожск – маркази маъмурии ноҳияи Всеволожск ва ҳавзаи шаҳрии Всеволожск –  тақрибан 80 ҳазор аҳолӣ дошта, дар вилояти Ленинград, ҳамагӣ 11 километр дуртар аз канораҳои шарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Ин шаҳр дар асри 19 бунёд шуда, ба шарафи Павел Александрович Всеволожский (1839—1898) — мушовири давлатӣ ва раҳбари дворянҳои ноҳияи Шлисселбурги губернияи Санкт-Петербург номгузорӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button