ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ЭРОН 4 НАФАРРО БО ҶУРМИ ҶОСУСӢ БАРОИ ИСРОИЛ БА ҚАТЛ РАСОНДААНД

Расонаҳои наздик ба ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон 4-уми декабри соли 2022 гузориши яксонеро мунташир карда, хабар доданд, ки дар ин кишвар 4 нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо истихбороти Исроил, Моссад, эъдом(қатл) шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамаи ин чаҳор нафар шаҳрвандони Эрон буда, аз онҳо Ҳусайн ном бурда мешавад.

Дар хабар омадааст,  ки “ин чаҳор нафар бо судури амри қувваи қазояи кишвар бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Исроил гунаҳкор дониста шуданд”.  Бино ба гузориши нашршуда, “ин шахсон бо фарде бо номи Сирус, афсари Моссад (созмони ҷосусии Исроил) иртибот пайдо карда, бо фармони ӯ дар хоки Эрон гурӯҳи ҷиноие ташкил намуда, ба гаравгонгирии шаҳрвандон ва тахриби биноҳои ҳукуматӣ машғул шудаанд”.

Дар умум моҳи июни соли 2022 мақомоти Эрон 7 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо афсари Моссад дастгир карда буданд, ки аз ин шумор 4 нафар маҳкум ба қатл шуда, 3 нафари боқимондароо бо иддаои “нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва таҳдид ба амнияти кишвар” аз 5 то ба 10 сол равонаи зиндон кардаанд.

Инчунин расонаҳои ҳукуматии Эрон бо пахши як матлаби видеоӣ иддао кардаанд, ки ин афрод дар рабудани Мансур Расулӣ, узви гурӯҳи 840-и сипоҳи Қудс, бахши масъули амалиётҳои хориҷии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақш доштанд.  Матбуоти Эрон гуфт, ки афсари Моссад “ҳаққи хидмат”-и ин гумоштаҳояшро бо криптовалюта пардохт мекард.

Эрон бо Исроил дар ҳоли душманӣ қарор дошта, ин кишварро на бо номаш, балки танҳо ҳамчун “режими саҳюнистӣ” ном мегирад. Исроил ба навбати худ Эронро бузургтарин таҳдид ба амнияти худ ва тамоми Ховари Миёна мешуморад ва Теҳронро ба маблағгузорӣ ва таҳрики гуруҳҳои зиддиисроилӣ дар минтақа айбдор мекунад.

Эрон ҳамвора Исроилро  ба ҷосусӣ ва харобкорӣ дар қаламрави худ муттаҳам мекунад ва аз ифшо кардани ҷосусҳои Исроил пайваста хабар медиҳад.Санҷидани дурустии ин даъвоҳои Эрон тавассути манбеи мустақил имкон надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button