ВидеоКоррупсияРӯйдодҳои Бадахшон

БОЗДОШТИ РАИСИ ИДОРАИ ТАНДУРУСТИИ БАДАХШОН БО ИТТИҲОМИ КОРРУПСИЯ

Фарид Музаффаров, сардори раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шудааст. Назари худи ӯ ба қазия маълум нест ва наздиконаш ҳам аз суҳбат худдорӣ мекунанд.

Вале рӯзи 5 декабри соли 2022 дар ҳукумати вилояти Бадахшон хабари боздошти Фарид Музаффаровро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд.

“Музаффаров ба фасодкорӣ гумонбар дониста мешавад ва парвандаашро додситонии вилоят таҳқиқ дорад. Фарид Музаффаров аз вазифааш барканор шудааст. То анҷоми тафтишот ва баромадани қарори додгоҳ мо дигар шарҳе дода наметавонем”, – гуфтаанд дар ҳукумати вилоят.

Ҳамин тавр, се манбаи мустақили Радиои Озодӣ гуфтанд, Фарид Музаффаров рӯзи 30 ноябр боздошт шудааст. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, сардори ҳамакнун собиқи Раёсати тандурустии ВМКБ барои яке аз табибон ду штат ё ҷойи корӣ ҷудо карда, як маошро бо он табиб тақсим кардааст.

Пайвандони Фарид Музаффаров аз суҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ кардаанд. Маълум нест, ки  оё Музаффаров бо вакили дифоъ таъмин шудааст ё не?

Соҳаи тандурустӣ яке аз фасодзадатарин соҳаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ҳар сол дар бораи боздошти чандин табиб бо иттиҳоми гирифтани пул аз корафтодагон хабарҳо ба даст мерасанд. Вале бархе мунтақидон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия худро бо шикори моҳичаҳое, чун муаллимону табибон ё кормандони ҷамоатҳо маҳдуд карда, ба наҳангҳои бузурги уқёнуси фасоди ин кишвар, ки аксараш дар раддаҳои болоии ҳукумат пуштибонҳои қавӣ доранд, кор намегиранд.

Тоҷикистон дар умум дар байни кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифта, бино ба арзёбии ахири созмони Транспаренси Интернешнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод дар мақоми 150-ум ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button