ВидеоМинтақа ва ҷаҳонНуқтаи назар

ТУМСО – БЛОГЕРИ МУХОЛИФИ САРСАХТИ РАМАЗОН ҚОДИРОВ ДАР АВРУПО ҒАЙБ ЗАДААСТ

Яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Чеченистон, бахусус роҳбари он Рамазон Қодиров, Тумсо Абдураҳмонов чанд рӯз боз дар Аврупо ғайб задааст. Ин блогери чечен, ки дар Шветсия ба сар мебарад, бо наздикони худ аз миёнаҳои моҳи ноябри соли равон ба алоқа набаромадааст. Дар ин бора “Вайфонд”, як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Аврупо, КИ аз ҳаққу ҳуқуқи чеченҳо дифоъ мекунад, хабар дод.

Рӯзи 1-уми декабри соли 2022 дар Телеграм видеое нашр шуд, ки гӯё Тумсоро ба қатл расонидаанд ва ин сабти видеоӣ гӯё аз макони ҳодиса филмбардорӣ шудааст. Вале бисёриҳое, ки бо ӯ дӯстӣ доштанд ва ё ӯро мешинохтанд, дар шарҳи видео навиштаанд, ки ин ҷасад ба Тумсо монанд нест.

Котиби матбуотии Анҷумани чеченҳои Аврупо Шамил Албаков рӯзи 2-ми декабри соли 2022 дар сӯҳбат бо расонаи “Кавказский узел” гуфтааст, ки “то ба ҳол мо ягон маълумоти мӯътамад ва дақиқе дар бораи марги Тумсо дар даст надорем”. Ҳамзамон як ҳамсояи Тумсо низ марги ӯро тасдиқ накардааст ва гуфтааст, ки “то ба ҳол далеле надорем на аз маргаш ва на аз дар куҷо буданаш”.

Чӣ хеле ки дар канали ин блогер дар Ютуб дида мешавад, ӯ охирин маротиба 7-уми ноябри соли 2022 маводе нашр карда, дар он аз оғози фаъолияти ҳизби сиёсии наве бо номи “Овози чеченҳо” хабар додааст ва бо ҳамин то ин дам бо гузашти наздик ба як моҳ, чизи дигаре дар ин шабака нашр накардааст. Маъмулан ӯ ҳафтае як маротиба дар шабакаи худ маводи нав нашр мекард. Ва ин таътили тӯлонӣ сабаби ташвиши дӯстон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон шудааст. 

Бояд ёдовар шуд, ки Тумсо Абдураҳмонов аз мухолифони ашаддии раҳбари кунунии Чеченистон Рамазон Қодиров ба ҳисоб меравад. Ӯ то ноябри  соли 2015 дар шаҳри Грозний кор ва зиндагӣ мекард. Пас аз як муноқиша бо яке аз хешовандони Рамазон Қодиров  маҷбур шуд, ки Чеченистон ва Русияро тарк кунад. Сабаби муноқиша писанд наомадани тарзи либоспӯшӣ ва риши Тумсо  Абдураҳмонов будааст. Ҳоло  бар зидди ӯ бо иттиҳоми “ҳамкорӣ ба ДОИШ” дар Русия парванда боз шудааст, вале худи блогер ин иттиҳомро рад ва мегӯяд, ки фармоишист. Ӯ пас аз ба даст овардани паноҳгоҳи сиёсӣ дар Шветсия ба сар мебарад.

Бояд гуфт, ки соли 2020 дар макони зисташ ӯро қасди куштан карда буданд. Расонаҳои шведӣ хабар доданд, ки сӯиқасдкунанда Руслан Мамаев буда, шаҳрвандии Русияро дорад ва бо ҳамкории як рустабори дигар бо номи Элвира Шапиева вориди манзили Тумсо шуда,  бо болға ба ҷони Тумсо дар афтодааст. Вале Тумсо муқовимат нишон дода, ин ҳамлагарро аз пой афтонда, сипас ба пулиси Шветсия хабар додааст.

Соли 2021 ин ду  нафарро, ки гумон меравад, гумоштагони Рамазон Қодиров ваё афроди ба ӯ наздик бошанд, бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони Тумсо Абдураҳмонов дар Шветсия ба додгоҳ кашиданд ва ба Руслан Мамаев 12 сол ва ба Элвира Шапиева 8 сол  ҳукми зиндон  доданд.

Ба ривояти додгоҳи Шветсия, ҳамлагарҳоро нафаре дар Грозний, пойтахти Чеченистон киро кардааст ва дар ивази ҷони Тумсо Абдураҳмонов, яъне куштани ӯ 60 ҳазор евро ҷоиза ваъда додааст. Баъдан худи Тумсо хабар дод, ки ин фармоишгар Муҳаммад Довудов (Магомед Даудов), раиси сухангӯи парламенти Чеченистон буд ва ин қасди ҳамла ба таври рамзӣ дар рӯзи таваллуди ӯ анҷом дода шудааст.

Довудов (аз рост) ва Қодиров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button