ВидеоМуҳоҷирон

ҶАВОНИ 19-СОЛАИ ТОҶИК РАҲИМҶОН МИРЗОЕВ АЗ ДОДГОҲИ РУСИЯ ФИРОР КАРДААСТ (АКС)

Пулиси шаҳри Серпухови вилояти Маскав (Межмуниципальным управление МВД России “Серпуховское”) шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон Мирзоев Раҳимҷон Махсудинович, санаи таваллудаш 04 сентябри соли 2003-юмро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Худи ин ҷавони тоҷики таҳти кофтукоб барои шарҳи қазия дастрас нест, вале пулиси Серпухов мегӯяд, ки Раҳимҷон Мирзоев бар асоси қисми 327 Кодекси ҷиноятии Русия ба сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешуд, вале аз додгоҳ фирор кардааст.

Тафсилоти дигари ин парванда ва каю чӣ гуна ва аз куҷо фирор кардани ҷавони тоҷик гуфта нашудааст. Вале пулиси Серпухов аз ҳама хостааст, ки агар дар бораи куҷо будани Раҳимҷон Мирзоев маълумоте дошта бошанд, ба ин идораи пулис хабар диҳанд.

Ин нахустин ва ягона мавриди фирори муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳҳои Русия нест. Қаблан  ҳам дар бораи чандин мавриди фирори зодагони Тоҷикистон аз боздоштгоҳҳо ва ҳатто аз зиндонҳои Русия гузоришҳо ба даст расида буд.

Аз ҷумла  моҳи августи соли 2022 як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон аз рахти хоб (простыня) барои худ банд сохта, бо кумаки он аз қабати сеюми боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Набережние Челнии ҷумҳурии Тотористони Русия фирор кардааст.

 Ин муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи воқеъ дар кӯчаи Металлургическая дар интизори ихроҷаш аз Русия қарор дошт. Вале шаби 5 августи соли 2022 ӯ қуфли панҷараи тирезаро шикаста, бо банди аз рахти хоб сохтааш аз қабати сеюми бино ба замин фаромад ва сипас аз болои девори симхорпеч гузашта, ба тарафи шоҳроҳи М-7 “Волга” фирор кард. Бино ба иттилои РЕН ТВ,  моҳи апрели соли ҷорӣ ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даъватҳо ба терроризм, сафед ва таблиғ кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро мебоист ба Тоҷикистон мефиристодаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 8 январи соли 2022 додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки ба вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират айбдор мешуданд, баррасӣ карда, ҳардуро ҷарима баст ва ҳукми ихроҷашон аз қаламрави Русияро баровард.  Вале маҳкумшудагон, вақте ки приставҳо онҳоро баъди анҷоми мурофиа берун бароварда, ба мошин савор карданӣ буданд,  фирор карданд. Дар бораи сарнавишти баъдии онҳо чизе маълум нест.

Соли 2019 як тоҷик баъди судури ҳукми ихроҷаш аз бинои додгоҳи ноҳияи Маскав шаҳри Петербург фирор карда, як ҷавони тоҷики дигар дар маркази шаҳри Краснодар посбонҳои худро ба замин афтонда, рӯ ба фирор оварда буд.

Соли 2018 Рӯзибек Ғафуров ном зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1980, аз маҳбаси маскунии воқеъ дар Каменск-Уралски вилояти Свердловск фирор кард. Ӯро баъди ду рӯз дар шаҳри Екатеринбург дастгир карданд.

Шаби 23 сентябри соли 2020 тавассути нақбе, ки барои канданаш маҳбусон қариб як солро сарф карда буданд, 6 маҳбус аз маҳбаси №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия фирор карданд. Ду нафари онҳо зодагони Тоҷикистон буданд:  Шамил Бойматови 29-сола аз Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабови 30-сола аз Душанбе, Онҳо дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд. Рӯзи 30 сентябр, баъди як ҳафтаи фирор ҳамаи ин 6 маҳбуси фирорӣ  дар қаламрави ҷумҳурии бо Доғистон ҳамсояи Қалмиқистон дастгир шуданд. Гуфта мешуд, ки онҳо қасд доштанд бо кумаки он ду маҳбуси тоҷик аз тариқи марзи Қазоқистон ба Тоҷикистон фирор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button