Муҳоҷирон

15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАРГАР АЗ КОСТРОМА БАРОИ КУШТАНИ ЗАНИ 59-СОЛАИ ТОҶИК

Дар вилояти Ярослави Русия як заргари 37-сола аз шаҳри Костромаро барои куштор ва ғорати муштарии доимиаш – зани 59-сола аз Тоҷикистон ба 15 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум кардаанд. Ин занро заргар дар аввали соли 2019 кушта, ҷасадашро дар ҷангал зери хок карда буд. Ҷасади зани тоҷикро танҳо баъди 5 моҳ, дар моҳи январи соли 2019 тасодуфан ҳангоми анҷоми корҳои геодезӣ пайдо карданд…

Раёсати тафтишоти вилояти Ярославл рӯзи 2  декабри соли 2022 хабар дод, ки додгоҳ далелҳои ҷамъовардаи тафтишотро барои судури ҳукми сокини 37-солаи Кострома кофӣ донист. “Ӯ  бар асоси қисми чоруми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия дар роҳзанӣ бо зӯроварии хатарнок барои ҳаёт ва бар асоси қисми дуюми моддаи 105 дар куштори ҳамроҳ бо роҳзанӣ гунаҳкор дониста шуд”, – хабар дод хадамоти матбуоти раёсати тафтишот. Ин ниҳод зани кушташударо танҳо “ҷабрдидаи 59-сола” ном бурда, дар борааш тафсилоти дигар надодааст, вале нашрияи маҳаллии «КП-Ярославль»  хабар дод, ки ин зан сокини Тоҷикистон ва муштарии доимии ин марди заргар аз Кострома будаааст.

Гуфта мешавал, байни заргар ва ин муштариаш чанд сол боз додугирифт вуҷуд дошт: Заргар ороишоти мухталифи заргарӣ сохта, ба ин зани тоҷик мефурӯхт. Бори охир зани тоҷик дар тирамоҳи соли 2018 ба заргар аз Кострома ороишоти заргарӣ фармоиш дода, беш аз 4 миллион рубл (тақрибан 55 ҳазор доллар бо қурби он вақт) пешпардохт кардааст ва мебоист алакай моҳи декабри соли 2018 ороишоти омодашударо мегирифт. Азбаски заргар дар фиристодани фармоиш дер кард, зани тоҷик моҳи январи соли 2019 худаш ба Кострома омада, бо заргар вохӯрдааст.

Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, заргар ба он зан барои пардохти қарзаш беш аз 23 кило ороишоти заргарӣ ба маблағи беш аз 5 миллион рубл ва ҳамчунин 8 ҳазор доллар дода, дар фикри куштани ӯ ва аз худ кардани ин пулу ороишот ва дигар чизу чораи зани бечора шудааст.

Вақте заргар фаҳмид, ки зан мехоҳад бо қатори роҳи оҳан тавассути Ярославл ба Маскав баргардад, занро розӣ кунондааст, ки ӯ бо мошини худашро вайро то Ярославл мерасонад.

Зани бехабар аз нияти бади заргар розӣ шудааст. Субҳи рӯзи дигар зан бо пулу ороиҳоти заргарии зиёд ба мошини заргар нишастааст ва онҳо ба роҳ баромадааст, вале то Ярославл нарасиданд.

Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Ярославл тафсилоти дигари рӯзи ин куштори мудҳишро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:  “Ҷинояткор, ки аз қабл ба як ашёи монанд ба корд мусаллаҳ шуда буд, дар шоҳроҳи М8 “Холмогори” дар байни шаҳрҳои Кострома ва Ярославл, дар наздикии шаҳраки Дорожнийи ноҳияи Ярославл мошинашро манъ карда, ба зан ҳамла кард. Ӯ бо ангуштонаш гардани занро зер карда, буғӣ кард ва сипас бо корд дастикам ду зарба ба гардани ӯ зад. Баъди куштани зан ҷинояткор ороишоти заргарӣ, пул, ҳамчунин пӯстину кӯлоҳи аз пӯсту пашми норка, ҷузвдони чармин, телефони мобил, шиносномаи хориҷии занро ба яғмо бурдааст. Маблағи умумии зарари расонидашуда 5 миллиону 800 ҳазор рублро ташкил додааст. Ҷинояткор баъди ин аз ҷои ҳодиса фирор карда, пулу молҳои ба яғмо бурдаашро тибқи хости дили худ сарф кардааст”.

«КП-Ярославль» хабар дод, ки заргар ҷасади зани ҷабрдидаро дар як ҷангали наздик ба шоҳроҳи Кострома-Ярославл пинҳон кардааст. Ҷасадро танҳо моҳи майи соли 2019 ҳангоми анҷоми корҳои геодезӣ дар он ҷангал пайдо кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button