ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЗАНОЗАНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: АЗ ҲАРДУ ТАРАФ ШАҲРВАНДОН ОСЕБ ДИДААНД

Рӯзи 3 декабри соли 2022 дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон байни сокинон занозанӣ рух додааст. Ин занозанӣ тақрибан соати 12 сурат гирифтааст. Сокинон мегӯянд, ки ҳоло вазъ ором аст, вале дар ҳаво чархболҳо дида мешаванд.

Хабари занозанӣ дар марзро Абдукарим Олимбоев, волии вилояти Бодканд ба бахши қирғизии радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, вале бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд фақат ҳамин қадар гуфтааст, ки “аз ҳарду тараф шаҳрвандон осеб диданд”.

Хабаргузории русии “Спутник” аз қавли як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хабар дод, ки занозанӣ соати 10:45 байни сокинони деҳаи Сомониён ва деҳаи Куктоши ноҳияи  Бодканд рух дода, дар ҷараёни он як сокини Сомониён осеб дидааст.

“Даргирӣ замоне рух дод, ки як гурӯҳи сокинони деҳаи наздимарзии Куктош ба манзили сокини Сомониён бо сангу оҳан (арматура) ҳуҷум карданд. Дар натиҷа, сокини 20-солаи Сомониён – Оқилзода Додохон аз ноҳияи сар ва гӯшаш сахт осеб дидааст. Оқилзода Додохон феълан дар беморхонаи маҳаллии ҷамоати Чоркӯҳ бистарӣ карда шудааст”, – гуфтааст ин сокини Сомониён.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин муноқиша сокинони дигари Сомониён низ ҳамроҳ шудаанд ва аз ҷониби қирғизҳо ба сӯи онҳо аз милтиқи шикорӣ чор тир холӣ шудааст, ки хушбахтона, ба касе нарасидааст.

“Спутник” меафзояд, ки мақомоти маҳаллии деҳаҳои наздимарзии ду кишвар дар ҷои ҳодиса гуфтушунид кардаанд ва бино ба иттилои сокини Сомониён, ҷониби Қирғизистон эътироф кардааст, ки муноқиша бо айби онҳо сар задааст.

Радиои Озодӣ сокини осебдидаи Сомониёнро Ҳизбаллоҳ Оқилзодаи 21-сола ном мебарад. Оқилҷон Тоҷиев, падари ӯ гуфтааст: “Ман саҳарӣ аз маҳаллаи поён ба хона омада истода будам, ки аз тарафи хонаи қирғизтаборон ба сӯям чанд санг ҳавола шуд. Аҳамият надода ба хонаи худ даромадам. Вале баъди чанд дақиқа як қирғизтабор аз берун хонаи моро фарёд кард ва баъд писарам баромад. Вақте аз хона берун шуд ба сӯяш доду вой карда бо оҳан (арматур) ба як тарафи сар ва атрофи гӯшаш зарба задааст. Аз ин ҳодиса ҳамсояҳо бохабар шуда, зуд мақомотро ҷеғ заданд ва ҷанҷол бартараф шуд”.

Бозорбой Тоҷиев, бобои Ҳизбаллоҳ Тоҷиев гуфтааст, ҳоло набераашро барои муоина ба беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳ бурдаанд.

Ва аммо Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон хабар додааст, ки муноқишаи рӯзи 3 декабр вақт сар зад, ки як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба сокини Қирғизистон М.Н. дашному ҳақоратро раво дидаанд. Ин муноқиша ба занозанӣ ва сангандозӣ печидааст ва, бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, “шаҳрванди Қирғизистон М.Н.  бо мақсади роҳ надодан ба ташдиди муноқиша ва пароканда кардани шаҳрвандон аз камони шикорӣ ба ҳаво се тири огоҳикунанда паррондааст”.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд, вале ҷониби Қирғизистон мегӯяд, барои муайян кардани сабабу тафсилоти ҳодиса мулоқоти намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ҷараён дорад.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02wxTvfV5jq9hLjTcqUbZpswCMWAKi4Q38atbtBeKUFffvrnfFEhWnqvbyMSzcJNuyl&id=122226881187016&sfnsn=scwspwa&mibextid=VhDh1V

Занозанӣ ва сангандозии рӯзи 3 декабр нахустин муноқишаи гуруҳӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи хунини рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2022 аст, ки аз ду тараф беш аз 140 кушта ва ҳудуди 450 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғистон, балки дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо чизе бештар аз 630 километраш пурра таъйин ва аломатшгузорӣ шудааст ва дар қитъаҳои баҳсии номуайяншуда ҳар сари чанд вақт бар сари тақсими обу замину чарогоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Раисиҷумҳури  Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран гуфт, ки онҳо мехоҳанд алакай то поёни соли 2022 бо Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкилоти марзӣ ба тавофуқ бирасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button