Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР БӮСТОН ҶУЗВДОНИ ПУР АЗ ПУЛИ ЯК СОҲИБКОРРО БО ЗӮРӢ АЗ ДАСТАШ КАШИДА ГИРИФТААНД

Шаби 1 декабр, соати тахминан 20:40, дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ба як соҳибкори 42-сола дар назди даромадгоҳи хонааш ҳамла оварда, бо зӯрӣ сумка ё ҷузвдони ӯро кашида гирифтаанд. Соҳибкор мегӯяд, дар ҷузвдон пули зиёд, аз ҷумла 260 ҳазор сомонӣ, 11 ҳазор евро, 350 ҳазор рубли русӣ ва 1800 доллар дошт. Бо гумони даст доштан дар ин ғоратгарӣ сокини 27-солаи шаҳри Гулистон дастгир шуд. Бовар меравад, ки ӯ ин корро бо “Файзулло” ном шарикаш якҷоя содир намудаанд.

хххххххххххххххххх

Субҳи барвақти 2 декабр, тахминан соати 04:30, як сокини  57-солаи ноҳияи Шаҳринав дар роҳи байни ҷамоатҳои Истиқлол ва Боғистон дар зери чархи мошини “БМВ” монда, дақиқа, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххххххх

Марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2022, бо роҳи фиреб аз як зани 45-солаи сокини пойтахт молу маҳсулоти гуногунро ба маблағи 136 ҳазору 262 сомонӣ ба мӯҳлати  ҳамагӣ 1 моҳ қарз гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.12. 2022

Ошкор шудани ҳолати ғоратгарӣ

062

Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур соҳибкори инфиродӣ муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабри соли 2022, тахминан соати 20:40-дақиқа, дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш 2 нафар шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад ҷузвдон, ки дар дохилаш 260 ҳазор сомонӣ, 11 ҳазор евро, 350 ҳазор рубли русӣ ва 1 ҳазору 800 доллари амрикоӣ дошт, ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Гулистон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд, ки ҷинояти мазкурро бо «Файзулло» ном шахс якҷоя содир намудаанд. Барои дастгир намудани шахси зикргардида чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ноуҳдабароии ронандаи ҷавон боиси ҳалокати пиёдагард гардид

029

2-юми декабри соли 2022, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “BMW”, таҳти идораи Ҷабборов Лутфулло Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоти деҳоти Истиқлол ба самти ҷамоати деҳоти Боғистони ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Эргашев Турсунмурод Мардонович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Эргашев Т. М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани марди қаллоб

030

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи феврали соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини пойтахт даромада, молу маҳсулоти гуногунро ба маблағи 136 ҳазору 262 сомонӣ ба мӯҳлати 1 моҳ қарз гирифта, маблағҳои бадастовардашударо ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button