Ҷанг дар Украина

УКРАИНА КУШТА ШУДАНИ ТО 13 ҲАЗОР САРБОЗАШ ДАР 9 МОҲИ ҶАНГ БО РУСИЯРО ТАСДИҚ КАРД

Аз аввали ҳуҷуми мусаллаҳонаи Русия ба хоки Украина то ба ин дам, аз 10 то 13 ҳазор сарбози Украина дар майдони ҷанг талаф ёфтаанд. Дар ин бора Михаил Подоляк, мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина зимни мусоҳибаи худ бо “Канали 24” хабар дод.  Ӯ таъкид кард, ки  “ин омор такя ба асноди Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳ аст”. Дар идома афзуд, ки “раисҷумҳури кишвар ҳатман дар фурсати муносиб, омори расмиро эълон хоҳад кард”.

То ба ҳол гуфтаҳои ин ёвари президентро артиши Украина тасдиқ ва ё рад накардааст. 

Бояд ёдовар шуд, ки ин мавзӯъ замоне пурчолиш гардид, ки роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен рӯзи 30-юми ноябри соли 2022 дар саҳифаи худ дар Твиттер видеое нашр кард ва дар он таъкид кард, ки “аз аввали ҳуҷуми ғосибонаи Русия ба хоки Украина зиёда аз 20 ҳазор аҳолии осоишта ва дастикам 100 ҳазор низомии украинӣ ҷони худро аз даст додаанд”.

Пас аз чанд соат ин видео аз саҳифаи ӯ пок ва баъдан бо қайчӣ кардани ин гуфтаҳо аз матн, бознашр гардид.

Хонум фон дер Ляйен дар ин сабти видеоӣ хостори таъсиси як додгоҳи махсус бо ҳамкории Созмони Милали Муттахид барои таҳқиқи ҷиноёти ҷангии нерӯҳои Русия дар хоки Украина ва инчунин водор кардани Русия барои пардохти товони ҷанг шуд.

Ӯ инчунин то ба ҳол зарари расонидашуда ба Украинаро наздик ба 600 миллиард евро ҳисоб карда гуфт, ки “Иттиҳодияи Аврупо 300 миллиард еврои Бонки марказии Русия ва 19 миллиард еврои олигархҳои русро дар саросари Иттиҳодияи Аврупо маҳкам кардааст”. 

Подоляк мусоҳибаааш бо  “Канали 24”  инчунин тасдиқ кард, ки “хонум фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Аврупо, албатта, ба иштибоҳ роҳ додааст ва талафоти ҷонӣ аз аҳолии осоишта низ беш аз 20 ҳазор аст, махсусан агар гӯрҳои дастаҷамъонаи пайдошуда дар манотиқи озодгардида аз дасти русҳоро ба назар гирем”.

Охирин маротиба ҷониби Украина дар миёнаҳои моҳи август расман аз забони сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний аз талаф ёфтани наздики 9 ҳазор нафар хабар дода буд.

Ҷониби Русия бошад 21-уми сентябри соли ҷорӣ аз кушта шудани 5 ҳазору 937 сарбози худ хабар дод. Вале ин рақамро аксарияти коршиносони ҳарбӣ ва истихбороти кишварҳои гуногун зери суол мебаранд ва мегӯянд, ки талафоти аслии артиши Русия дар Украина чандин маротиба зиёдтар аз ин рақами расмист.

Бахши русии BBC дар як таҳқиқоти дастаҷамъона бо дигар расонаҳо ва  бо такя ба хешу табори кушташудагони ҷанг  рӯйхатти 9 ҳазору 311 сарбози кушташудаи Русияро нашр карда, тахмин зада буд, ки шумори воқеии талафоти Русия дар Украина метавонад то ду маротиба аз ин, яъне беш аз 18 ҳазор нафарро ташкил диҳад.

Моҳи ноябр Марк Милли, фармондеҳи ситоди муттаҳиддаи артиши Амрико ва баландпоятарин генерали  он кишвар гуфта буд, ки “аз замони оғози ҷанг ҳудуди 100 ҳазор сарбози рус ва 100 ҳазор сарбози украинӣ кушта ё захмӣ шудаанд”.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолии русзабони вилоятҳои Донбасс ба хоки Украина ҳамла кард ва дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввали ҷанг қисматҳое аз қаламрави  ин кишварро ишғол кард. Вале дар моҳҳои охир ба артиши Украина муяссар шуд, ки таносубро дар ҷабаҳоти ҷанг тағйир диҳанд ва қариб нисфи қаламравҳои ишғолкардаи Русия, аз ҷумла шаҳри Херсон ва ҳама шаҳру ноҳияҳои ишғолшудаи вилояти Харковро озод кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button