ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ ДАР ДУШАНБЕ ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ ДАР ИСТАРАВШАН

Марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 16 ҳазор доллар ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
хххххххххххххх

Марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки санаи 30-юми ноябри соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматии сокини 52-солаи шаҳри мазкур ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, нуқрагӣ ва 63 ҳазору 420 сомониро дуздида,  ба соҳибхона дар умум 76 ҳазору 800 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 02.12. 2022

Қаллобӣ вобаста ба маблағу ҷавоҳирот

037

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 16 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот ва маблағ

vor-0504

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми ноябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, нуқрагӣ ва 63 ҳазору 420 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 76 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button