ВидеоҶомеа

КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ ДУ КОРМАНДИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 1 декабри соли 2022 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тавонистанд, ки хеле зуд ва бо изи гарм куштори бераҳмони ду корманди фонди манзили ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ошкор кунанд.

Капитан Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе дар гузоришаш дар барномаи “Ахбори ВКД” гуфт, рӯзи 26 ноябри соли ҷорӣ ба милитсия дар бораи  куштор дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт хабар расид. Кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса омада, ду ҷасадро пайдо карданд, ки ҳарду бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонда шудаанд.

Муайян карда шуд, ки кушташудагон кормандони нозироти минтақавии “Идоракунӣ ва хидматрасонии манзил”-и №7 ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд.

Кормандони милится дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун гумонбар дар ин ҷинояти мудҳиш шаҳрванд Каримов Умаралӣ Раҳмоналиевич, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Кӯлобро, ки қаблан ду маротиба суд шудааст,  дастгир кардаанд.

Бино ба фарзияи кормандони милитсия, куштори ин ду нафар дар пайи истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртӣ сар задааст.

Гуфта мешавад, ки Каримов Умаралӣ рӯзи 26 ноябр ҳамроҳи шаҳрвандон Боймирзоев Абдулмаҷид Холмуродович,  соли таваллудаш 1972 ва Наимов Ёраҳмад Шамсуддинович, соли таваллудаш 1977, дар дохили бинои корхонаи нозироти минтақавии “Идоракунӣ ва хидматрасонии манзил”-и №7 ноҳияи Фирдавсӣ машрубот истеъмол кардаанд. Ҳангоми нӯшонӯшӣ байни ҳамқадаҳон муноқиша бархостааст ва Каримов Умаралӣ он ду нафарро бо истифода аз ҳар гуна ашёи сахти ба дасташ афтода, зада-зада куштааст.

Худи Умаралӣ Каримов дар ин гузориш ҷараёни қазияро чунин нақл кард: “Ман аз хона баромадам, Маҷидро дидам, як мушт дар сараш задам, ки афтид. Баъд сарашро ба рӯи бетони даромадгоҳ чанд бор задам, замин пури хун шуд. Дар сатил об гирифта, овардам, хунро шуштам. Маҷидро об рехтам дар рӯяш, ки наҷунбид. Дидам, ки намеҷунбад, бо поям тела дода, даруни хона даровардамаш. Баъди куштани Маҷид, омадам, ки дуюмиаш бо батарея ба ман ҳамла кард. Задамаш, ки батарея дар рӯяш задам. Ӯ афтид ва ман омадам, бо мушт дар рӯяш чандто задам, ки аз поям қапид. Қад ба қад шудем, оина дар болоямон зад, чойнику пойника дар сараш задам…”

Баъди куштани кормандони фонди манзил, Каримов Умаралӣ аз бинои он корхона як компютеру як принтерро ҳам ба яғмо бурдааст.

Ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба Каримов Умаралӣ барои куштани ду нафар то 25 сол ҳукми зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button