ВидеоФарҳанг

КИРМАКПАРВАРӢ ВА ЛАТИФАҲОИ АФАНДӢ БА РӮЙХАТТИ ЮНЕСКО ПАЗИРУФТА ШУДАНД (ВИДЕО)

ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 1 декабри соли 2022  ду номинатсияи Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро ба Рӯйхатти репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддиии башарият шомил кард.  Кирмакпарварӣ ва латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки аз 28 ноябр то 3 декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ҷараён дорад, ба ин рӯйхатти ЮНЕСКО шомил карда шуданд.

Номинатсияи “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ” муштаракан аз ҷониби Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон пешбарӣ гардида, “Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ” аз сӯи Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон пшниҳод шуда буд.

Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин ду номинатсия дар кишварҳои минтақа ба истиқболи гарм рӯбарӯ шуд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт, ин ду номинатсия ба далели ҷавобгӯ буданашон ба ҳамаи 5 шарту талаби Паймони ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ба Рӯйхатти репрезентативӣ пазируфта шуданд.

“Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияҳои муштараки Тоҷикистон “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ” ва “Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин” иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад”,  – таъкид кардаааст идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки дар нишасти Работ 5 номинатсияи муштараки Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла:

  1.  “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ”,
  2. “Ҷашни Меҳргон”,
  3. “Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ”,
  4.  “Санъати сохт ва рубобнавозӣ” ва
  5. “Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ“.

Латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ  бори аввал соли 2020 ба рӯйхатти мероси ғайримоддии башарият пешбарӣ шуда буд.

Латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Туркия ва ҳатто дар бархе кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин ва нимқораи Балкан маъруфанд.

Соли 2020 ҳамроҳ бо латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ, Тоҷикистонҳамчунин якҷо бо Ӯзбекистону Эрон ба рӯйхатти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани сози мусиқии рубоб ва ҳамроҳ бо Эрон иди Садаро пешбарӣ карда буд.

Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба рӯйхатти мероси ғайримоддии башарият мусиқии “Шашмақом” ва иди Наврӯз шомил карда шуда, оши палов ва кашидадӯзии чакан соли 2018 ба рӯйхаттти репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ҳамчунин шаҳри бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар Бадахшон ба рӯйхатти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуда, 16 ёдгории дигар, аз ҷумла 11 ёдгории фарҳангӣ ва 5 ёдгории табиӣ дар рӯйхатти номзадҳо қарор доранд.

Ёдгориҳои фарҳангӣ:

  1. Мазори Амир Ҳамза
  2. Мазори Хоҷа Машҳад
  3. Мазори Муҳаммад Башоро
  4. Мазори Хоҷа Нақширон
  5. Шаҳри бостонии Панҷакент
  6. Шаҳри бостонии Тахти Сангин
  7. Шаҳри бостонии Бойтудаштӣ (ноҳияи Панҷ)
  8. Шаҳри бостонии Ҳулбук
  9. Шаҳри бостонии Аҷинатеппа
  10. Шаҳри бостонии Шаҳристон (қалъаи Қаҳқаҳа)
  11. Ёдгориҳои Роҳи Абрешим.

Ёдгориҳои табиӣ:

  1. Кӯҳҳои Фон
  2. Мамнӯъгоҳи Бешаи палангон
  3. Мамнӯъгоҳи Кусавлисой
  4. Мамнӯъгоҳи Даштиҷум
  5. Мамнӯъгоҳи Зоркӯл.
01,12,2022,17,35.jpg
01.12.2022.19.27.jpg

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button