ВидеоТоҷикистонҶанг дар Украина

ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ УКРАИНА ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ПОЙГОҲИ 201-УМИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАЪЙИН ШУД

Полковник Андрей Марушкин ба мақоми фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши хушкигарди Русия таъйин шудааст.

Хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии артиши Русия рӯзи 1 декабри соли 2022 гуфт: “Ба ҳайъати шахсии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нави онро муаррифӣ карданд. Ба ин мақом полковник Андрей Марушкин, ки қаблан фармондеҳии як воҳиди алоҳидаи савораи тирандозиии Ҳавзаи ҳарбии марказиро бартдӯш дошт, таъйин шуд”.

Полковник Андрей Сергеевич Марушкин 16 июли соли1984  ба дунё омада, омӯзишгоҳи олии фармондеҳии ҳарбии Новосибирскро хатм карда ва дар Академияи қӯшунҳои умумии Қувваҳои мусаллаҳи Русия низ таҳсил кардааст. Ӯ собиқаи ҳарбиашро аз фармондеҳи взвод оғоз карда, то ба мақоми фармондеҳи бригадаи алоҳидаи савораи тирандозӣ расид.

Бригадаи таҳти фармони Марушкин дар ҷангҳо дар вилоятҳои шарқи Украина иштирок дорад. Моҳи майи соли 2022 маҳз барои корнамоӣ дар амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Украина ба Марушкин, ки он вайт ҳанӯз подполковник буд, ордени Мардонагӣ (Мужество) ва дар аввали моҳи ноябр ордени Александр Невский доданд. Ӯ ҳамин тавр, дар Украина соҳиби рутбаи навбатии полковник шуд.

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми артиши Русия  дар Тоҷикистон бо ҳудуди 7 ҳазор аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи ҳарбии он кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.  Ин пойгоҳ дар ду шаҳри Душанбе ва Бохтар мустақар шудааст.  Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2012 замони будубоши пойгоҳи ҳарбии Русияро дастикам то соли 2042 тамдид карда, ин пойгоҳро аз масъулияти пардохти пули иҷора озод кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button