ВидеоҶомеа

20 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ СОКИНИ РАШТ БАРОИ ОДАМКУШӢ ДАР ЧОЙХОНАИ “БОЛОИ ОБ”

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Раштро бо ҷурми куштор ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ҳукми Ғайратов Ф.Ш. ва Саидов Ҷ.Н. рӯзи 10 ноябри соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 декабр, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ин ҳукм бархе ҷузъиёти ин ҷинояти  барои водии Рашт камназири одамкуширо шарҳ дод. Бино бар ин манбаъ, тафтиши ин парванда аз сӯи додситонии ноҳияи Рашт, воқеъ дар тақрибан 180-икилометрии шимолушарқи шаҳри Душанбе, бар асоси бандҳои “з” ва “к”-и қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон ва аз ҳиссиёти авбошӣ пеш бурда мешуд.

Худи маҳкумшудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додситонӣ, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки Ғайратов Ф.Ш.,  рӯзи 2 августи соли 2022, бо Саидов Ҷ.Н. дар назди чойхонаи “Болои об”, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Озодии занон, бинои № 1 машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштанд. Онҳо шаҳрванд Юлчиев Н.О.-ро, ки бо рафиқаш дар наздикии онҳо ба хӯрдани хӯрок ва истеъмоли машруботи спиртӣ машғул буд, дида, ба наздашон даъват кардаанд ва аз ҳиссиёти авбошӣ Юлчиев Н.О.- ро бо дасту пой лату кӯб карда, ба узвҳои ҳаётан муҳими бадан, сару рӯй ва гарданаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расондаанд. Дар натиҷа Юлчиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Юлчиев сокини вилояти Суғд буда, дар ноҳияи Рашт дар меҳмонӣ қарор дошт.

Бино ба омори расмии ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҷумла 22 одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Дар нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 20 куштор рух дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button