ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ТАЛАБИ 30 СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ДОВТАЛАБИ НОМЗАДӢ БА ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН ФАРОМӮЗ ИРГАШЕВ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон барои Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқшиноси шинохтаи зодаи Бадахшон ва яке аз раҳбарони “Комиссияи 44” 30 сол ҳукми зиндон талаб кардааст. Мурофиаи парвандаи ин вакили собиқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва довталаби номзадӣ ба интихоботи президентии соли 2020 дар нимаи дуюми моҳи октябр дар толори мурофиаҳои воқеъ дар дохили боздоштгоҳ ё СИЗО №1 шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста оғоз ёфта буд.

Мақомот то кунун ҷараёни мурофиаи парвандаи ин ҳомии ҳуқуқро шарҳ надодаанд, вале Радио Озодӣ рӯзи 1 декабри соли 2022 бо такя ба ду манбаи  худ  хабар дод, ки талаби 30 соли зиндон барои Фаромӯз Иргашев ҳафтаи гузашта аз забони намояндаи додситонӣ садо додааст.

30 сол ҳукми зиндон баъд аз ҳабси умрбод дуюмин ҷазои аз ҳама сахт дар қонунгузории Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Фаромӯз Иргашев дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи парвандааш аз ҳуқуқаш худаш мустақилона ҳимоят мекунад ва адвокат надорад.

Фаромӯз Иргашев 32 сол дорад. Номи ӯ бори аввал дар тирамоҳи соли 2020 замоне расонаӣ шуд, ки ӯ  номзадиашро дар баробари президент Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи президентии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Номзадии ӯ он вақт сабт нашуд, вале Фаромӯз Иргашев тавонист худро ба ҷомиа ҳамчун як ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори ҷавон ва пурҷасорат матраҳ кунад.

Мақомот то кунун иттиҳомоти ба зидди Иргашев ва дигар аъзои “Комиссияи 44” эълоншударо шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, як иттиҳоми асосӣ ба зидди онҳо худи узвият дар “Комиссияи 44” аст, ки онро мақомот “ташкилоти ҷиноятӣ” меноманд.

“Комиссияи 44” дар поёни моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ бо ташаббуси намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон барои миёнаравӣ байни мақомот ва эътирозгарони дар майдони марказии назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъшуда  ташкил шуда буд. Эътирозгарон баъди гирифтани ваъдаи иҷрои талабҳояшон ва пароканда шудан аз майдон  ҳамчунин аз аъзои “Комиссияи 44” хостанд, ки ҷараёни иҷрои талабҳои онҳоро низ назорат баранд.

Аммо дар нимаи аввали соли 2022 аъзои “Комиссияи 44” бо  сабти чандин муроҷиатнома ва ташкили ҳатто як нишасти хабарӣ изҳор доштанд, ки мақомот иҷрои талаби асосии эътирозгаронро, ки таҳқиқи парвандаҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков ва ду тан аз тазоҳургарон буд, як сӯ гузошта, аз он чашм пӯшидаанд ва баракс рӯи таъқибу ба ҷавобгарӣ кашидани иштирокчиёни эътирозҳои Хоруғ тамаркуз кардаанд.

18 майи соли 2022 мақомот барои саркӯби мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон, ки як талаби асосиаш боз ҳам иҷрои талабҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 буд, аз силоҳ ва нирӯҳои вижа истифода бурданд, ки дар натиҷа, ба эътирофи худи мақомот, дастикам 32 нафар, аз ҷумла 29 тан аз эътирозгарон ва асосан дар Рӯшон кушта шудаанд. Ҳамин тавр, дар пайи саркӯби эътирозҳо ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла беш аз 10 нафар аз аъзои “Комиссияи 44”, бо шумули раҳбари ғайрирасмии он Фаромӯз Иргашев дастгир шуданд.

То имрӯз ҳудуди 100 нафари онҳо алакай ба солҳои тӯлонии зиндон  ва дастикам 7 нафар аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла генерал Холбаш Холбашев, Толиб Аёмбеков ва як фарзанди ӯ ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд.

Мақомот мегӯянд, моҳи май дар Бадахшон аз фаъолияти созмонҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ, ки бо гуруҳҳои ифротию террористӣ дар хориҷ забон як карда буданд, пешгирӣ кардаанд ва дар ҷараёни амалиёт ягон нафар аз мардуми мулкӣ осеб надидааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Душанберо ба истифодаи  беш аз ҳадди нирӯҳои вижаи “спетсназ” ва силоҳҳои ҷангӣ ба зидди эътирозгарони осоишта дар  Бадахшон ва роҳандозии маъракаи таъқиботи ақалияти миллию динии помириҳо айбдор мекунанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан 250 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Аксари аҳолии ин вилоятро пайравони равияи исмоилии мазҳаби шиъа  ташкил медиҳанд, ки ба забонҳои гуногуни помирӣ ҳарф мезананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button