ВидеоҶомеа

“ОБЛАВА” ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН ТАМОМ ШУД, ВАЛЕ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА “ВОЕНКОМАТ” ДАВОМ ХОҲАД ЁФТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 30-юми ноябри соли 2022 даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004- ба хизмати ҳарбӣ пурра ба анҷом расид. Мавсими тирамоҳии даъват ба артиши Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфта буд.

Вале вазорати мудофиа меафзояд, ки “агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мӯҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ, онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.”

Вазорати мудофиа дар бораи иҷрои нақшаи даъвати ҳисоботи ниҳоӣ надодааст, вале ба мақомоти шаҳру ноҳияҳое, ки “дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд”, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори сипос кардааст.

 Дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳар сол дар ду мавсим гузаронда мешаванд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ  аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад. 

Дар муқоиса бо дафъаҳои қаблӣ дар ҷараёни ин даъвати тирамоҳӣ шикоятҳои ҷиддӣ аз “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ тақрибан ба гӯш намерасид, вале дар рӯзҳои охири даъвати тирамоҳӣ аз чанд минтақа, аз ҷумла аз Панҷакенту Исфара, хабарҳое ба даст расиданд, ки мақомот падару модарони ҷавононеро, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, боздошт карда, шарт гузоштаанд, ки фарзандонашонро аз Русия баргардонда, ба хидмат фиристанд. Аммо чунин ба назар мерасид, ки ин бештар ба коррупсия рабт дорад, чунки бисёре аз ин волидони дастгиршуда дар ниҳоят бо пардохти маблағҳои бузург халос шудаанд.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирифт.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот бар ин боваранд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button