ВидеоСиёсатТаърихЧеҳраҳо

НОИБИ СОБИҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАРЗУЛЛО ДӮСТОВРО ДАР ТОШКАНД БА ХОК СУПУРДААНД

Нарзулло Дӯстов, сиёсатмадори тоҷик, ки дар оғози солҳои 90 дар аҳди президентии Раҳмон Набиев ноиби президент интихоб шуда буд, дар синни 82 дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон вафот кардааст. Радиои Озодӣ рӯзи 1 декабри соли 2022 хабар дод, ки Дӯстов баъди бемории тӯлонӣ вафот карда ва ӯро ҳанӯз дар аввали моҳи ноябр дар шаҳри Тошканд ба хок супурдаанд, вале хабари марги ӯ тоза дастрас шуд.

Мирҳусайн Нарзиев, раиси пешини ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, рӯзи 1 декабр бо тасдиқи хабари даргузашти ноиби собиқи президенти Тоҷикистон  ба Радиои Озодӣ гуфт, Нарзулло Дӯстов дар аввали моҳи ноябр аз бемории саратон фавтид ва ҳафтаи гузашта дар Тошканд маъракаи ёдбуди ӯ сурат гирифтааст. Нарзиев гуфт, Дӯстов то охири умр узви ҳизби сотсиалист буд. Ин ҳизбро дар вақташ ҳамсаффи Дӯстов дар аввалҳои солҳои 90 Сафаралӣ Кенҷаев таъсис додааст.

Нарзулло Дӯстов соли 1940 ба дунё омада, дар солҳои 80 ба мақоми раиси автобаза расида буд.  Ӯ соли 1989 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва аз ҷумлаи вакилони фаъоли он ҳайъати парлумон ба ҳисоб мерафт. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1991 Нарзулло Дӯстов ба ҳайси номзад ба ноибии президент дар командаи Раҳмон Набиев буд ва бо пирӯзии Набиев дар интихобот ба мақоми ноибии ӯ расид. Аммо дар моҳи майи соли 1992 таҳти фишори тарафдорони мухолифин, ки дар майдони Шаҳидон дар маркази Душанбе хайма зада буданд, Дӯстов аз мақоми ноиби президент барканор карда шуд.

Моҳи декабри соли 1992, бо пирӯзии Фронти халқӣ Дӯстов боз ба ҳукумат баргашт ва дар ҳукумати якуми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси вазири нақлиёт кор кард. Соли 1994 Дӯстов аз ин мақом барканор гардид ва чанд соли дигар дар мақоми муовини вазири нақлиёт кор кард.

Моҳи майи соли 1994 Дӯстов, ки он вақт муовини вазир буд, дар назди хонааш ҳадафи сӯиқасди мусаллаҳона қарор гирифт. Аз як мошини “Жигули”  ӯву муҳофизонашро ғолибан аз автомати Калашников тирборон карданд. Дар натиҷа, Дӯстов ва як муҳофизаш ҷароҳат бардоштанд.

Нарзулло Дӯстов моҳи августи соли 1997 аз ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард ва баъди ноком шудани он шӯриш тарки Тоҷикистон карда, ҳамроҳ бо ёрони дигари Худойбердиев ба Ӯзбекистон паноҳ бурд.

Моҳи ноябри соли 1998 нирӯҳои Худойбердиев дигарбора аз хоки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳамла карданд ва қисматҳое аз қаламрави вилояти Суғдро барои чанд рӯз ишғол карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки Нарзулло Дӯстов низ ҳамроҳи ошӯбгарон буд ва яке аз фармондеҳони умдаи онҳо буд. Он шӯриш низ ноком шуд ва Худойбердиеву Дӯстов  бо боқимондаи нирӯҳояшон аз нав ба самти Ӯзбекистон фирор карданд.

Баъди он шӯриши ноком Дӯстов дигар аз худ ягон дарак надод ва дар бораи фаъолиятҳояш баъди соли 1998 дигар ягон маълумоте дастрас нест.

Танҳо баъди даргузашташ маълум шуд, ки ӯ ин ҳама сол ҳамчунон дар Ӯзбекистон будааст. Дар бораи куҷо шудани Маҳмуд Худойбердиев маълумоти дақиқе то ҳол дастрас нест, вале бовар меравад, ки ӯ ҳоло ҳам дар Ӯзбекистон аст.

Бовар меравад, ки ин акси Маҳмуд Худойбердиев дар Ӯзбекистон гирифта шудааст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button