Муҳоҷирон

НАҶОТИ 33 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РОҲИ БОЗГАШТАШОН АЗ РУСИЯ (АКС+ ВИДЕО)

Субҳи барвақти 30 ноябри соли 2022, тақрибан соати 04:00 мақомоти ноҳияи Оқмола дар шимоли Қазоқистон  33 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки автобусашон дар роҳи бозгашт аз Русия шикаста буд, аз ин автобус ба як макони гарм кӯчонда бурдаанд. Гуфта мешавад,  бо дарназардошти онки ҳарорати ҳаво дар шимоли Қазоқистон дар ин шабу рӯз то – 20 дараҷа сард аст, ин муҳоҷиронро метавонист сард бизанад. Вале бо шарофати кумаки саривақти наҷотбахшон муҳоҷирони тоҷикро аз сардӣ наҷот доданд.

Департаменти пулиси вилояти Оқкомал хабар дод, ки субзҳи 30 ноябри соли 2022, соати тақрибан 04:00, як автобуси тамғаи “Неоплан” дар километри Ранним утром 30 ноября 2022 года полицейские, спасатели и дорожники Акмолинской 27-ум и шоҳроҳи Остона – Шучинскро дар ҳоле пайдо кардаанд, ки автобус ба иллати фаннӣ аз ҳаракат бозмонда буд. Ин мошинро  кормандони экипажи “Бақай 8 П1” аз ротаи пулиси дидбонӣ лейтенанти калон Дониёр Таев ва Қуаниш Муқанов пайдо кардаанд. Дар ин автобус 33 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба Ватан бармегаштанд.

Пулиси Оқмола дар шарҳи ин ҳодиса гуфт:  “Дар роҳ автобус вайрон шудааст: Ба сабаби башиддат пойин рафтани ҳарорати ҳаво маводи сӯхти соляркаи ин автобус ях бастааст. Кормандони пулис ва роҳсозон аз ширкати миллии “ҚазАвтоЖол” тавонистанд, ки мотори мошинро гарм кунанд. Автобусро тавонистанд, ки ба кор бидароранд, вале шабакаи гармидиҳиаш кор намекард. Ба ин далел, тасмим гирифта шуд, ки мусофирон ба ягон макони гарм бикӯчонанд”.

Кормандони пулис ва ширкати роҳ дар бораи ин автобус ба департаменти ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд ва ҳамаи 33 мусофири тоҷикро аз автобус кӯчонда, дар як меҳмонхона дар деҳаи Жибек Жолии ноҳияи Аршалӣ ҷобаҷо кардаанд.

Ҳоло нуқтаи авҷи мавсими бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказист. Ба сабаби нисбат ба чиптаи ҳавопаймо ва қатори роҳи оҳан арзонтар буданаш ҳазорон нафар аз ин муҳоҷирон маҷбуранд, ки барои бозгашт ба Ватан роҳи нисбатан арзонтар, вале хеле пурхатартари заминиро интихоб кунанд.

Рӯзи 29 ноябр  ҳангоми бозгашт аз Русия дар ҳудуди ҳамин вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон беш аз 80 нафари дар роҳ дармонда, аз ҷумла 44 муҳоҷири тоҷикро наҷот дода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button