ВидеоМуҳоҷирон

ЧОР ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК ТОҶИКРО РАБУДА, АЗ Ӯ 6 МИЛЛИОН РУБЛ ТАЛАБ КАРДААНД (ВИДЕО)

Рӯзи панҷшанбе,  1 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 4 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва роҳзанӣ дастгир кардаанд.

Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти Санкт-Петербург  хабар дод, ки ба зидди онҳо бар асоси  ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: бандҳои «а», «в», «г», «з» қисми дуюми моддаи  126 (одамрабоӣ) ва қисми дуюми моддаи  162 (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ҳоло масъалаи эълони айбнома ва интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба ин 4 зодаи Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Худи боздоштшудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, гумонбаршавандагон рӯзи 24 октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд. Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва  соати ӯро ба маблағи на камтар аз 60 ҳазор рубл кашида гирифта, тавассути телефон аз суратҳисобаш 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд.

Онҳо ҳамин тавр ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба марди гаравгон идома дода, аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо 6 миллион рубл надиҳад ва худро аз шармандагӣ халос накунад, дар борааш махлумоти бадномкунандаро паҳн хоҳанд кард.

Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино дар кӯчаи 10-уми Красноармейская овардаанд. Гаравгон дар инҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.

Раёсати тафтишот мегӯяд, дар ҷараёни кофтукоб далелҳои барои тафтиши ин парвандаи ҷиноятӣ муҳим ёфт ва мусодира карда шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button