ВидеоМуҳоҷирон

БАРОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ АЗ ДУД ЗАҲРОЛУД ШУДАНД: ЯКЕАШ ҶОН ДОД, ДУ ДИГАР – ДАР БЕМОРИСТОН

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди генератор дар канори шаҳри Одинствои вилояти Маскави Русия як нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигарро ба бемористон интиқол додаанд.

Нашрияи “МК”, чопи Маскав хабар дод, ки ҳар се қурбонии ин ҳодисаи нохуш аз Тоҷикистон буда, ду нафари онҳо бародарон будаанд.

Бино ба иттилои ин нашрия, шодиса шаби 30 ноябри соли 2022 дар канори деҳаи Лайково рух додааст. Ин деҳа аз шаҳри Одинтсово 8 километр ва аз канораҳои ғарбии шаҳри Маскав ҳамагӣ 20 километр дуртар ҷойгир шудааст.

“МК” бо такя ба манбеи худ хабар дод, ки шаби чоршанбе дар як қитъаи сохтмонӣ дар Лайково нирӯи барқро хомӯш кардаанд ва коргарон дар яке аз вагонҳои “битовка” маҷбур шудаанд, ки генераторро ба кор дарранд. Дар натиҷа, онҳо шабона ҳангоми хоб аз дуди маводи сӯзишвории генератор заҳролуд шудаанд. Онҳо соати даҳи субҳи 30 ноябр дар ҳолати беҳушӣ пайдо кардаанд.

Муҳоҷири 39-сола аз Тоҷикистонро аз чанги марг наҷот дода натавонистанд. Бародари 31-солаи ӯ ва боз як муҳоҷири 38-солаи тоҷикро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд.

Ва ҳар сол дар Русия ҳудуди 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва ҷои зист, аз ҷумла сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ, ҳамчунин маризиҳои гуногун аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рз то се муҳоҷири тоҷик дар мулки ғурбат ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button