ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

АБӮҲАСАН РАФТ, АБӮҲУСАЙН ОМАД: ДОИШ КУШТА ШУДАНИ РОҲБАРАШРО ТАСДИҚ КАРД

Сухангӯи ДОИШ кушта шудани Абӯҳасан Ал-Қурайшӣ роҳбари ин гурӯҳи террористиро тасдиқ кард ва аз раҳбари нави он интихоб шудани Абӯҳусайн Ал-Ҳусайнӣ Ал-Қурайшӣ хабар дод.

Абӯумар Ал-Муҳоҷир, ки ӯро ҳамчун сухангӯи ДОИШ медонанд, рӯзи 30 ноябри соли 2022 бо нашри як сабти садоӣ дар саҳифаи Телеграми худ бе ягон ишора ба замон ва макон, марги Ал-Қурайширо эълон кард. Ӯ танҳо гуфт, ки роҳбари ДОИШ дар ҷараёни “набард бо душманони Худо кушта шуд”.

Роҳбари қаблии ДОИШ дар моҳи феврали  соли равон зимни як амалиёти нерӯҳои зудамали Амрико дар хоки Идлиб худ ва аъзои оилаашро бо норинҷаке маҳв карда буд. Дар умум он вақт наздики 12 нафар аз наздикони ӯ кушта шуда буданд.  

Дар ҳамин росто, Ситоди фармондеҳии марказии Амрико хабари марги Ал-Қурайширо тасдиқ ва афзуд, ки “ӯро дар авохири моҳи октябри соли ҷорӣ нерӯҳои Артиши Озоди Сурия дар Даръо, дар ҷануби Сурия куштанд”. Артиши Амрико гуфт, қатли Абуҳасан Қурайшӣ як “зарбаи дигар” ба ДОИШ аст, ки бо бедодгариҳояш дар Сурияву Ироқ ном бароварда буд.

Артиши Озоди Сурия як гурӯҳи муташаккили озодихоҳе аст, ки ба зидди режими президенти кунунии Сурия Башор Асад меҷангад.

Абӯумар Ал-Муҳоҷир  гуфтааст, ки ҳоло Абӯҳусайн Ал-Ҳусайнӣ Ал-Қурайшӣ роҳбарии ДОИШро ба дӯш гирифтааст. Сухангӯи ДОИШ раҳбари навашро “як муҷоҳиди обутобдида” тавсиф карда,  аз пайравони гурӯҳ хостааст, ки ба ӯ “байъат” бисупоранд.

Ин сухангӯ ҷузъиёти бештаре дар бораи Ал-Қурайшӣ надод. Коршиносон мегӯянд, ки ин танҳо лақаби ҷангии ӯ аст ва номи воқеӣ, миллат ва то ба ҳол дар куҷо ва ба чӣ коре машғул будани ин роҳбари нави ДОИШ номаълум боқӣ мемонад. 

Хабари кушта шудани боз як роҳбари ДОИШро дар Амрико хуш пазируфтанд. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфтааст, ки “мо аз хабари аз байн рафтани боз як роҳбари дигари ДОИШ аз саҳфаи рӯзгор истиқбол мекунем”.

ДОИШ яке гурӯҳи террористие аст, ки дар Ироқу Сурия арзи вуҷуд карда, як муддат аз шарқи Ироқ то ғарби Сурия, наздики 88 ҳазор километри мураббаъро таҳти тасарруфи худ дароварда буд, дар ин қаламравҳо аз таъсиси “хилофат” хабар дод ва дар ин минтақа хеле ваҳшатбор ҳукумат мекард. Танҳо дар соли 2019 ба Амрико ва НАТО муяссар шуд, ки  ҷангҷӯёни ДОИШро аз хоки Ироқ берун ронанд, вале ин гуруҳи террористӣ то ҳол назорати бархе манотиқро дар Сурия дар дасти худ нигоҳ доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button