ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУҶОЗОТИ РОНАНДАИ АВТОБУСИ №28 БАРОИ ДАҒАЛӢ НИСБАТ БА ЯК ЗАН ВА ФАРЗАНДИ МАЪЮБИ Ӯ

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 30 ноябри соли 2022 хабар дод, ки ронандаи автобуси мусофиркаши №28 Абдулфайёз Латиповро барои рафтори дағалона ва беэҳтиромӣ нисбат ба  як зан аз Ҳисор ва фарзанди маъюби ӯ барои 15 рӯз аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум кардаанд.

Бино ба иттилои милитсия, як зани сокини шаҳри Ҳисор ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати ронандаи автобуси хатсайри №28, рақамҳои қайди давлатиаш 29 60 ТТ 09 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро, ин ронанда ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбат ба ӯ ва фарзанди маъюбаш беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки ронандаи нақлиёти мазкур, Латипов Абдулфайёз Абдуллоевич, санаи таваллудаш 08.06.1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. Латиповро ба мақомоти милитсия дастрас карда, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода шудааст.
  Зимнан муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:30 ҳангоми дар назди бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе қарор доштан, ронандаи мазкур нисбат ба зани сокини Ҳисор беэҳтиромӣ намуда, бо рафтори худ талаботи низомномаи дохилиидоравии хизматрасонии мусофиркашониро вайрон намудааст.
  Вобаста ба ин, амалу рафтори Латипов Абдулфайёз дар ҷаласаи Комиссияи интизомии ККВД «Автобус-1» мавриди муҳокима қарор дода шуда,ронанда ба муҳлати 15-шабонарӯз аз фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.
Милитсияи Душанбе таъкид кардааст, ки зани муроҷиаткунанда аз баррасӣ ва қарори қабул гардида  изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мақомоти милитсия барои санҷиши ҳамаҷониба изҳори миннатдорӣ кардааст.

Вақтҳои охир дар пойтахти Тоҷикистон даҳҳо ронанда, асосан ронандагони автобусу маршрутка ва мошинҳои такси ва ба истилоҳ “пулчинакҳо”, бо ҷурми рафтори дағалона нисбат ба мусофирон ҷазо дода шудаанд. Бо ин вуҷуд шикоятҳои сокинон ва меҳмонони Душанбе аз рафтори дағали ронандагони мошинҳои мусофиркаш зиёд аст.

https://www.facebook.com/groups/httpdushanbepolice.tj/posts/520479989989157/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button