ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАНӮЗ СОЛИ 2009 БА 83 ҲАЗОР ДОЛЛАР ОРД ГИРИФТ, ВАЛЕ ПУЛАШРО ТО ҲОЛ НАМЕДИҲАД…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30.11. 2022

Қаллобӣ вобаста ба маҳсулоти ордӣ

043

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми марти соли 2009, марди 51-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 83 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулоти ордӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати дуздии телефон

009

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми” ва корти плостикиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button