ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МУТРИБИ МАШҲУРИ ТОҶИК РАУФ САНГИНОВ, КИ ДАР ВАҚТАШ МАСКАВРО ПАРТОФТУ БА ВАТАН БАРГАШТ

Скрипканавоз ва ғижжакнавози шинохтаи тоҷик Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени “Шараф дараҷаи 2”, Корманди шоистаи Тоҷикистон профессор Рауф Сангинов рӯзи 30 ноябри соли 2022 дар синни 85 аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри таъзия дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. Вазорат гуфт, аз даргузашти ин мутриби шинохта сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонадон, хешону пайвандон, дӯстону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор мекунад ва барояшон сабри ҷамил мехоҳад. “Рӯҳи марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод”, гуфта мешавад дар номаи таъзияи вазорат.

Вазорати фарҳанг ёдовар шудааст, ки  марҳум дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ҳайси ҳунарманди оркестр дар гурӯҳи скрипканавозон ва солиёни зиёд дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ ҳамчун мудири шуъбаи созҳои торӣ, профессори кафедраи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият намуда, дар тарбия ва ба воя расонидани шогирдон дар сози скрипка саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Рауф Сангинов соли 1937 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст.  Як сол пеш дар мусоҳиба бо Суғдмеҳри Маъруфзод, ӯ нақл карда буд, ки дар кӯдакӣ аз падар маҳрум гаштаву дар тарбияи модараш қарор гирифт. Модари ӯ санъаткор буд, вале баъди сар шудани ҷанги дуюми ҷаҳон бо мақсади кумак ба захмиёни ҳамшираи тиббӣ шуд. Онҳо дар Маскав зиндагӣ мекарданд, вале баъди тамоми шудани ҷанг модараш Рауф Сангиновро ба назди наздикону пайвандон ба ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) овардааст.

Ӯ дар Орҷоникидзеобод мактаби миёнаро хатм карда, соли 1960 ба Консерваторияи давлатии ба номи П.И.Чайковскии шаҳри Маскав шомил шуд ва соли 1967 ин муътабартарин мактаби олии мусиқӣ дар Шӯравии собиқро бо ихтисоси навозандаи скрипка хатм кард.

Рауф Сангинов дар он мусоҳибааш гуфта буд, баъди хатми Консерваторияи Чайковский мехост дар шаҳрҳои бузург маҳорати худро сайқал диҳад, аммо вақте дид, ки ватанаш Тоҷикистон ва санъати миллӣ ба ғижакнавоз ниёз дорад, ба Ватан баргашт.

 “Ғурури миллӣ нагузошт баҳри пешрафти фарҳанги тоҷик бетаваҷҷуҳ бошам. Ба ин хотир ба Ватан баргаштам ва шояд тавонистам дар рушди мусиқии миллӣ саҳми кӯчаке гузорам. Зиёда аз 120 шогирд ба воя расонидам, ки онҳо имрӯз соҳиби шуҳрат ва дар ҷодаи худ пешқадаманд”,  – гуфта буд Рауф Сангинов.

Ӯ аз худ 3 фарзанд, 8 набера, 6 абера ва ба ҳисоби худаш, беш аз 120 шогирд, ки онҳоро низ фарзандони худ мешумурд, ба ҷо гузошт. Аксари фарзандону наберагони Рауф Сангинов низ ҷодаи фарҳангро ихтиёр кардаанд.

Рауф Сангинов дар он мусоҳибааш гуфта буд, аз ин ки умри худро сарфи дунёи мусиқӣ кард, ягон лаҳзаву ягон бор эҳсоси пушаймонӣ накардааст.

“Ман дар олами мусиқӣ ҷаҳони дигаре ёфтам. Агар мусиқӣ азалӣ намебуд, китоби муқаддаси Қуръон бо қироат ҳифз намешуд. Умуман мусиқӣ олами худро дорад”, – мегуфт Рауф Сангинов.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button