Номаҳо ба президент

БАҲСИ ЯК ХОНАИ ДУҚАБАТА ДАР САРИКИШТӢ: НОМАИ ДОДИ ФАРЗОНА РАҶАБОВА БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе

                                                                  муҳтарам Рустами Эмомалӣ

аз номи шаҳрванд Раҷабова Фарзона Маҳмадзоировна, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, ҷамоати деҳоти Саркиштӣ, деҳаи Саркиштии Поён

АРИЗА

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, мо бо умеду боварии зиёд ба Шумо арзи дил карда истодаем, ки дар ҳолати вазнини зуровари собиқ шавҳар ва модару бародарони ӯ ва ноадолатии мақомоти суди қарор дорам. Ҳоло то марҳилаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати ман оид ба ҳалномаи пурра ғайриқонунии суди ноҳияи Рӯдакӣ ва қарори кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назорати овардаам, ки шубҳа дорам ба мисли марҳилаи кассатсионӣ бе даъвати ман бе қаноат мемононанд, ки умеду бовариам ба Шумо марди ғамхори мо мебошад. Мо шаҳрвандон бо умед ва адолати қонунгузори то Суди Оли муроҷиат менамоем, аммо муроҷиати моро умуман намеомузанду ҳамун санади ғайриқонунии суди ноҳияи Рӯдакиро дуруст ҳисобида ба доди ман намерасанд.

Ман як зани танҳо бо фарзандони ноболиғам дар шароити вазнини иқтисодӣ зиндагони намуда ва бо собиқ шавҳарам, ки никоҳи расми дорем дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, ҷамоати деҳоти Саркиштӣ, деҳаи Саркиштии Поён як манзили истиқоматии бунёд намудам ва аз соли 2018 ману фарзандони ноболиғам дар он зиндагонӣ намуда истодаем. Баъд аз вайрон шудани муносибати ман модари шавҳарам ба суди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба баровардани мо аз хонаамон ариза намуд, ки суди Рӯдакӣ, ки бо ин кор манфиатдор буд, бе асос даъвои модари нафақахӯри собиқ шавҳарамро қонеъ карда, ҳоло мехоҳад моро аз хонаи худ пеш намуда ва манзили истиқоматии моро фурӯхтанӣ аст. 

               Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Талаботи қонун аз тарафи суди ноҳияи Рӯдакӣ судя Ҷалилзода С.Х. судяҳои Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ умуман риоя нашудааст, чунки дар суд даъвои ман оид ба маскун, беэътибории шартномаи хариду фуруш ва моликияти муштарак буд, ки асос дошт, чунки манзили баҳсиро ман бо собиқ шавҳарам Абдусатторов Шодиёр Абдусатторович бунёд намудаему дар он то имруз ману кудакони ноболиғам зиндагони намуда истодаем, ки никоҳи расми дошта моликияти муштараки мо мебошад. Дар ин баҳс Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович шахсони тасодуфи мебошанд, ки ба манзили баҳси ягон алоқаманди надорад. Бояд шахсони тасодуфи ва ба манзили истиқомати алоқаманди надоштанро суди ноҳияи Рӯдакӣ судя Ҷалилзода С.Х. дар асоси баробари ва мубоҳисави муайян менамуд. Муайян намудани шахсони тасодуфи ва ба манзили баҳси ягон алоқаман надоштани Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифовичро суд дар асоси ташхиси сохтмонӣ, муайян намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, арзиши манзили истиқомати соли бунёди манзил ва пурсиши шоҳидони беғараз, ки аз тарафи ман дархостҳо шудаасту ҳама бе иҷро мондааст.

               Модари шавҳарам Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович, ки яке дар ягон ҷой кору фаъолият накардаасту ҳоло нафақахӯр ва дигари Шорамазон умуман шароити солҳои 2012- ва то имрӯз бунёд намудани чунин манзили истиқоматиро надорад, чунки танҳо дар болопӯши манзили баҳсӣ зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ харҷ шудаасту Шорамазон дар суд арзиши манзилро 130 ҳазор сомонӣ гуфтаасту бо ин бе ташхис суд ҳалнома баровардааст, ки арзиши манзили баҳсӣ ва дигар ҳолатҳоро танҳо ташхиси сохтмонӣ муайян карда метавонад, на суд.

Бо сабаби ба ман номаълум судяи ноҳияи рӯдакӣ Ҷалилзода С.Х. зиёда аз як сол даъворо барраси намуд ва марҳилаи кассатсиони дар муддати 3 моҳ парвандаи мазкурро баррасӣ намуда ягон ташхис нагузаронида, ҳолатҳои асосии корро муайян накарда, дархосҳои манро умуман мавриди баррасӣ қарор надода дар судя Ҷалилзода С.Х. мурофиаи сайёрро бе иштироки ман гузаронида ва марҳилаи кассатсиони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе иштироку огоҳии ман мурофиа бароварда санадҳои бармаҳал ва пурра ғайриқонуни қабулкардаро нафаҳмида истодаам. Ҳоло он ки судя Ҷалилзода С.Х. тарафҳоро баробар бояд донаду шиносад на ин ки бо чунин талаботҳои мухолифи қонун санади суди қабул намуда ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандро дағалона вайрон намояд. Ҳоло он ки бо далелҳо ва шоҳидон гуфта метонам, ки Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович дар ягон вақт соҳибмулки манзили баҳси набуданд, ки суд дархостҳои манро оид ба ташхис ва шоҳидон мавриди барраси қарор надод.

Моддаи 35 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судиро муайян намудааст, ки манзили баҳси то баровардани ҳалномаи ғайриқонуни дар суди ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дошт на дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ки амволи ғайриманқул ба ҳисоб меравад ва ман дархост кардам, ки аз руйи тобеият парванда барои баррасӣ ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе супорида шавад, ки суд бо тарафи Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович манфиатдорки буд дархостро барраси накарда ҳалномаи ғайриқонунии худро баровард. Агар танҳо хоҳишу гуфтаҳои бардуруғу ҳуҷҷатҳои сохтакории Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович асоси ҳалномаи суд бошад, пас чаро манро зиёда аз як сол дар суд давонданду дар охир танҳо хоҳишу сохтакориҳои ҷавобгарон асоси ҳалнома гардида суд ҳолати асосии корро насанҷид тавасути ташхис ва шоҳидони асосӣ?

               Дар ҳалномаи суд омадааст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳо манзили истиқоматӣ аз Хонаков Шорамазон Шарифович будааст ва онро гуё Шорамазон сохтаасту баъдан соли 2018 ба Салимова С. фурухтааст. Аммо суд бояд ҳуҷҷатҳои манзили баҳсиро санҷад ки қонуни аст ё не, ки инро ташхис муайян менамояд ва бояд суд бо ташхис арзиши манзили баҳсиро муайян менамуд, ки ба маблағи чанд сум ин манзил сохта шудааст ва аз кадом сол оғоз гардидааст сохтмони манзил, ки инро ташхиси сохтмонӣ муайян менамуд. Баъд аз ин бояд суд муайян менамуд, ки Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович имконияти чунин манзили истиқоматии қимматро бунёд намудан ва хариду фуруш кардан доранд ё не, ки умуман суд дар муддати зиёда аз як соле ки парвандаро кашол дод ин ҳолатҳоро аниқ накард, ки вобаста ба ҳар як ин ҳолат дархост аз тарафи ман шудааст.

Гӯё 7 апрели соли 2018 манзили баҳси байни Салимова Соатой Раҷабовна ва Хонаков Шорамазон Шарифович хариду фуруш шудааст, ки яке аз талаботҳои асосии хариду фуруш ин дар вақти шартнома дар Идораи нотариали супоридани маблағ ва қабули маблағу супоридани манзил мебошад, ки тарафҳо умуман маблағ надошта талаботи хариду фуруш иҷро нашудааст, ки шартномаи мазкур аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор мебошад.

Манзили истиқомати аз тарафи Абдусатторов Шодиёр Абдусатторович бунёд гардидааст, ки сохтмони он соли 2018 ба итмом расида то имрӯз ман ва фарзандони ноболиғам дар он зиндагони намуда истодаем, ки шоҳидо буда суд напурсид, ки Абдусатторов Шодиёр Абдусатторович бо ман никоҳи расми дошта манзили баҳси моликияти муштараки мо мебошад, чунки Абдусатторов Шодиёр Абдусатторович кору фаъолияти хуб дошта бо маблағи худ бунёд намудааст.

Ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 марти соли 2022, ки дар асоси қонун қабул нагардидааст як ҳолати оддӣ ин даъвои ман оид ба маскун намудан ва қайд дар манзили истиқоматии баҳси, ки аз тарафи собиқ шавҳарам Абдусатторов Шодиёр дар давраи никоҳи расми доштан бунёд гардида ва ман бо фарзандони ноболиғам аз соли 2018 дар ин манзил зиндагони намуда истодаро ғайриқонуни рад намуда моро бо мақсади ғараз доштани суди зинаи якум ва дар доираи қонун набаровардану аз пеши худ ҳалнома эҷод кардан дар дигар манзили истиқомати, ки зиёда аз се сол дар он ҷой мо умуман зиндагони накардаем маскун намудааст. Чизу чораи мо дар манзили баҳси буда мо дар он зиндагони намуда истодаем.

Марҳилаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад бе иштироки ман қарор қабул намуда суханони дар ҳалномаи ғайриқонунии омадаро нусхабардори намудааст, ки талаботи ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 марти соли 2022 пурра мухолифи қонунгузори мебошад, ки талаботи тобеиятро дағалона вайрон намудааст, ҳолатҳои асосии корро, ки тавасути ташхис ва шоҳидони беғараз муайян мегардад амали накардааст ва талаботи маскунро вайрон намуда дар дигар ҷой маскун намудааст. Ман умедвор будам, ки марҳилаи кассатсиони ин қонуншиканиҳоро пурра меомӯзад ва ҳалномаи ғайриқонуниро бекор менамояд, ки ин ҳама бе натиҷа буда аз марҳилаи кассатсиони умедвор шудан лозим набудааст, ки ҳатто манро огоҳ ва дар баррасии кассатсиони даъват накарданд. Ман ба қабули Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада баъд фаҳмидам, ки дар марҳилаи кассатсиони бе огоҳи ва даъвати ман шикояткунанда барраси ва ҳалномаи пурра ғайриқонуни бударо бетағйир гузоштаанд. 

Дар ин асос суд бояд манфиатҳои қонунро ба инобат гирад,  санадҳои қалбаки аз тарафи ҷавобгар ҳамчун далел ба суд пешниҳод гардидаро дар асоси ташхис муайян намояд ва ҳамчун далел асоснок намояд, аммо суди зинаи якум ва марҳилаи кассатсионї манфиатҳои қонунро  мадди назар намуда, даъвои муқобил ва шикояти кассатсионии моро умуман баррасї накарда танҳо манфиатҳои бе асосу ғайриқонунии даъвогар-ҷавобгаронро ҳаматарафа дастгирї ва бевосита дар ҳалнома қайд намуда ба он далелҳои қалбакӣ  такя намуда ҳалномаю қарори нодруст бароварда бо ин манфиатҳо ва талаботи моликияти муштаракро мадди назар намудаанд.

               Аз ин мебарояд, ки мани ҷабрдида, дар назди суди ноҳияи Рӯдакӣ  ва ҳатто Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан худро нотавон эҳсос карда, зарур донистам, ки бо Шумо муроҷиат намоям, боварӣ дорам ба ман мусоидат ва барои ҳали кори судии ман кумак менамоед.   

Дар асоси гуфтаҳо боло аз Шумо муҳтарам Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  барои андешидани чораҳои қонунӣ нисбати судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Ҷалилзода С.Х. ва судяҳои марҳилаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои ғайриқонунию бо тарафи ҷавобгар манфиатдор будан ва дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шикояти назоратии ман дар судя Бобоҷонзода А.А., мусоидат намоед. 

Бо эҳтиром:                                   Раҷабова Ф. М.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button