ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ АЗ САРМОИ ҚАҲРАТУН ДАР РОҲ БА РУСИЯ

Шаби 27 ба 28 ноябри соли 2022 ҳарорати ҳаво дар вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон якбора пойин рафта, то -17 дараҷа сард шуд. Ин боиси дар сармои қаҳратун дар роҳҳои ин вилоят дармондани даҳҳо нафаре шуд, ки азми сафари Русияро доштанд ё аз онҷо бармегаштанд. Онҳо асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон буданд, ки ба ё аз Русия  сафар мекарданд. Наҷотбахшони департаменти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола дар давоми шаби гузашта дар маҷмӯъ беш аз 80 нафарро аз роҳҳо ба нуқтаҳои гарм оварда, ҷобаҷо кардаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола,  наҷотбахшони ин ниҳод ҳамроҳ бо кормандони пулис шаби 27 ба 28 ноябр аз ҷумла ба сабаби сардӣ аз як автобуси мусофирбаре, ки дар шоҳроҳи Екатеринбург – АлмаАто дармонда буд, 62 нафар, аз ҷумла 8 кӯдакро ба макони амну гарм кӯчондаанд.

 “10 шаҳрванди Русия, 10 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 42 шаҳрванди Тоҷикистонро дар Маркази ҳамоиши иҷтимоии шаҳри Кокшетау ҷой карданд. Касе осеб надидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ҳамин тавр, шаби гуҳашта дар километри 187-уми шоҳроҳи Остона – Павлодар як автобуси мусофирбар, ки бо хатсайри Сариоғош – Новосибирск ҳаракат мекард, вайрон шудааст. Наҷотбахшон 11 мусофири ин автобус, бо шумули 5 кӯдакро кӯчонда, дар нуқтаи гарми воқеъ дар бинои коллеҷи агротехникии шаҳри Ерейментау ҷобаҷо кардаанд.

Бино ба иттилои департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола, шаби 27 ба 28 автобус ҳамчунин як мошини боркаш ба сабаби ях кардани соляркааш дар наздикии деҳаи Басту дар ноҳии Атбасар дармондааст. Аз ин мошин 4 шаҳрванди Қирғизистонро ба макони гарм интиқол дода, ҳамчунин як автобус ва 4 нафари дигарро аз як роҳ дар ноҳияи Аршалӣ кӯчондаанд.

Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Оқмола аз ҳама хостааст, ки дар сурати дарёфти паёмак дар бораи баста шудани роҳҳо ба сафар набароянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button